ЮНИСЕФ: 7 ҳазор кудаки яманӣ қурбонии таҷовузи саудиҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i48924-ЮНИСЕФ_7_ҳазор_кудаки_яманӣ_қурбонии_таҷовузи_саудиҳо
Сандуқи байналмиллаии кудакони Созмони Миллали Муттаҳид "ЮНИСЕФ" эълом кард, 7 ҳазор кудак дар ҷанги Яман кушта ё маълул шудаанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 08, 2019 11:52 Asia/Dushanbe
  • ЮНИСЕФ: 7 ҳазор кудаки яманӣ қурбонии таҷовузи саудиҳо

Сандуқи байналмиллаии кудакони Созмони Миллали Муттаҳид "ЮНИСЕФ" эълом кард, 7 ҳазор кудак дар ҷанги Яман кушта ё маълул шудаанд.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, бар асоси гузориши ЮНИСЕФ дар муддати 5 сол ҷанг алайҳи Яман беш аз ду ҳазор кудаки яманӣ кушта ва ҳудуди 5 ҳазор кудак ҳам маълул шудаанд.

Ҳамчунин аз се миллиону 600 ҳазор овораи ҷанг дар Яман ҳудуди 2 миллион нафар кудак ҳастанд, ки бисёре аз онон аз таҳсил ва омӯзиш маҳрум шудаанд.

Бинобар эъломи ЮНИСЕФ 368 ҳазор кудаки яманӣ ҳам аз сӯитағзияи шадид ранҷ мебаранд.