Декабр 09, 2019 17:29 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Туркманистон бар таҳкими равобити дӯстона бо Осиёи Марказӣ ва Эрон

Раисиҷумҳури Туркманистон бар таҳкими равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Озарбойҷон таъкид кард ва Маскавро шарики стратегии Ашқобод хонд.

Раисиҷумҳури Туркманистон ин матлабро дар ҷаласаи ҳайати давлат, ки бо ҳузури мақомоти олӣ, сафирон ва масъулини намояндагиҳои туркман дар хориҷ баргузор шуд, баён кард.

Ба гузориши Форс, дар ин ҷаласа, ки ба мавзӯи омодагӣ барои таҷлил аз 25 солагии эъломи вазъияти бетарафии доими Туркманистон дар соли 2020 ихтисос ёфта буд, Бердимуҳаммедов дар хусуси аввлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвараш изҳори назар кард.

Вай қабл аз ҳама бар таҳкими равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Озарбойҷон таъкид кард ва ҳамчунин гуфт, Ашқобод ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Туркия таваҷҷуҳи зиёде дорад.

Раисиҷумҳури Туркманистон Русияро шарики стратегии худ хонд ва гуфт, бо иттико ба дӯстии таърихӣ байни ду кишвар, таомул ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи дуҷонибаро тавсеа хоҳанд дод.

Бердимуҳаммедов равобити Туркманистон бо Чинро муҳим арзёбӣ кард ва изҳор дошт, ки ҷиҳати рушди он аз тамоми имконоти мавҷуд баҳрабардорӣ хоҳанд кард.

Вай дар идома аввлавиятбандии сиёсати хориҷии кишвараш ба аҳамияти таомулот бо Ҷопон, Корея, Малайзия, Ҳинд, Покистон ва кишварҳои Ховари Миёна ишора кард.

Бердимуҳаммедов дар бахши баъдии суханрони худ аз кишварҳои аврупоӣ ба унвони шарикони қобили эътимод ёд кард ва гуфт, ки иқдомоти лозим иттихоз хоҳад шуд, то дар соли 2020 равобити мутақобил бо ин минтақа ба сатҳи ҷадиде даст пайдо кунад.

 

Барчасп