Декабр 13, 2019 17:02 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо зидди Русия

Иттиҳоди Аврупо таҳримҳои иқтисодии Русияро як бори дигар тамдид кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Брюссел эълом кард, таҳримҳои ҷоришуда алайҳи Маскав ба далели пайвастани шибҳиҷазираи Қрим ба Русияро барои шаш моҳи дигар тамдид кардааст.

Мӯҳлати даври қаблии таҳримҳои зиддирусии Иттиҳоди Аврупо 31 январи соли 2020 буд.

Кремл бо маҳкум кардани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, пайвастани шибҳиҷазираи Қрим ба хоки Русияро ҳосили раванди раъйгирӣ ва демократия медонад.

Аммо Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз соли 2014 бо тарҳи иттиҳоми дахолати Маскав дар даргириҳои шарқи Украина, ҳамчунин мавзӯи илҳоқи Қрим ба Русия, маҷмӯае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молиро зидди Русия ҷорӣ кардаанд.

Ин дар ҳоле аст, ки посухи Русия ба таҳримҳои вазъшуда аз сӯи Брюссел ба иқтисоди аврупоиҳо зарар задааст.

 

Барчасп