Декабр 14, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Болотарин нишони ифтихори мусулмонони Русия барои сафири Эрон дар Маскав

Муфтии аъзам ва раиси Шурои муфтиёни Русия, олитарин нишони ифтихори мусулмонони ин кишвар мавсум ба Алфахр-ро ба сафири Эрон дар Русия эъто кард.

Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, шайх Ровил Айнуддин муфтии аъзам ва раиси Шурои муфтиёни Русия ба поси солҳо мушорикати фаол ва ҳимоят аз барномаҳо ва тарҳҳои ин шуро дар заминаи густариши ҳамкорӣ байни мазҳабҳо ва миллиятҳо ва тақвияти дустӣ байни Русия ва Эрон нишони ифтихории мусулмонони Русияро ба Маҳдии Саноӣ сафири Эрон дар Маскав эъто кард.

Шайх Айнуддин бо ёдоварии талошҳо ва иқдомоти анҷомшуда дар 6 соли гузашта гуфт, Сафорати Эрон дар ин муддат нақши муҳиме дар тақвияти фаолиятҳои динӣ ва исломӣ ва низ эҷоди улфат ва ҳамбастагӣ байни мусулмонон дар Русия ифо кардааст.

Раиси Шурои муфтиёни Русия ҳамчунин бо ишора ба сиёсатҳои хасмонаи Амрико зидди Русия ва Эрон гуфт, Маскав ва Теҳрон дар муқобили сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико таслим намешаванд ва дар муқобили якҷонибагароии ин кишвар муқовимат мекунанд.

Барчасп