Декабр 15, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти гумоназаниҳо дар бораи хурӯҷи Помпео аз Вазорати хориҷаи Амрико

Вазири хориҷаи Амрико бо эҷоди ҳисоби Твиттери шахсӣ, гумоназаниҳо дар бораи қасди худ барои рафтан ба Сенатро шиддат бахшидааст.

Пойгоҳи хабарии "Ҳейл" рӯзи якшанбе дар гузорише навишт: Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико бо эҷоди ҳисоби шахсӣ дар шабакаи иҷтимоии Twitter, ин гумоназаниро доман зад, ки дар ниҳоят қасди сенаторӣ аз иёлати Канзас - маҳалли даврони зиндагии худро дорад.

Ба навиштаи ин расона, Помпео пеш аз мулҳақ шудан ба давлати Трамп ва тасаддии Вазорати хориҷаи Амрико, намояндаи иёлати Канзас дар Маҷлиси намояндагони Амрико буд.

Доналд Трамп моҳи гузаштаи мелодӣ дар ин бора гуфта буд, Помпео ба роҳатӣ дар Канзас баранда хоҳад шуд.

Майк Помпео аз аввалҳои соли 2018 ба унвони ҳафтодумин вазири хориҷаи Амрико дар давлати Доналд Трамп ӯҳдадори ин симмат шуд.

 

 

Барчасп