Декабр 17, 2019 17:32 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии амрикоиҳо аз таҳдиди Туркия барои бастани пойгоҳи «Инҷирлик»

Таҳдидҳои Туркия дар бораи бастани пойгоҳи низомии «Инҷирлик» дар сурати таҳрим шудани ин кишвар ба далели истифода аз сомонаи S-400 сабаби нигаронии вазири дифои Амрико шудааст.

Ба гузориши “Форс”, баъд аз ҳушдорҳои ахири раисҷумҳур ва вазири умури хориҷии Туркия дар бораи таътил кардани пойгоҳи низомии “Инҷирлик” дар сурати таҳрими Вашингтон алайҳи Анкара ба далели хариди сомонаи S-400-и Русия вазири дифои Амрико зимни эътироф ба ҳаққи зотии Туркия барои бастани ин пойгоҳ дар бораи эҳтимоли таътили “Инҷирлик” иброз нигаронӣ кардааст. Марк Эспер, вазири дифои Амрико ҳини бозгашт аз сафараш ба Аврупо дар ҷамъи хабарнигорон ба таҳдидҳои мақомҳои Туркия дар бораи бастани пойгоҳи низомии “Инҷирлик” вокуниш нишон дода гуфт: «Бояд бо ҳамтои турки худам суҳбат кунам, то бифаҳмам, воқеан, манзури онҳо чист ва мавзӯъ чӣ қадар ҷиддӣ аст». Вазири дифои Амрико дар ҷамъи хабарнигорони ин кишвар ба ҳаққи Туркия барои таътил кардани пойгоҳи низомии “Инҷирлик” ҳам эътироф кардааст. Эспер гуфт: «Агар туркҳо дар бораи бастани “Инҷирлик” ҷиддӣ бошанд, ин чизе аст, ки НАТО бояд дар бораи он суҳбат кунад. Хуб, онҳо як кишвари мустақил ҳастанд ва аз ҳаққи зотӣ барои мизбонӣ кардан ё накардан аз пойгоҳҳои низомӣ ё низомиёни НАТО бархурдоранд”.

Пойгоҳи “Инҷирлик”, ки дар наздикии шаҳри Адана, дар ҷануби Туркия воқеъ шуда, яке аз бузургтарин ва муҳимтарин пойгоҳҳои мизбони низомиёни амрикоӣ дар минтақаи ғарби Осиё ба шумор меояд. Бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ, Амрико дар “Инҷирлик” даҳҳо кулоҳаки атомӣ ҳам мустақар кардааст.

Изҳороти вазири дифои Амрико дар ҳоле матраҳ шуда, ки дар рӯзҳои ахир Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ва Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии ин кишвар Вашингтонро ба бастани пойгоҳи “Инҷирлик” таҳдид карда буданд.