Рӯнамоӣ аз тандиси Рӯдакӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав
(last modified Tue, 17 Dec 2019 14:06:44 GMT )
Декабр 17, 2019 19:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз тандиси Рӯдакӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав

Тандиси Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, адиби номдор ва устоди шоирони забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Маскав рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи ИРНА, дар маросими рӯнамоӣ аз ин асар Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия, Виктор Садовничий, раиси Донишгоҳи давлатии Маскав, Игор Абулгазиев, раиси Донишкадаи Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав, ҷамъе аз муовинони сафирони Афғонистону Тоҷикистон ва низ ҷамъе аз асотиду донишҷӯёни ин донишкада ҳузур доштанд.

Сафири Эрон дар Русия бо ишора ба ҷойгоҳи болои Рӯдакӣ дар адабиёт, шеъри форсӣ ва нақши муассири он дар густариши ин забон дар минтақа ин шоири бузурги форсу тоҷикро омили пайванддиҳандаи миллатҳои порсизабон донист ва бар аҳамияти омӯзишу фарогири ашъори ӯ таъкид кард. Виктор Садовничий, раиси Донишгоҳи давлатии Маскав низ бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихии байни ақвоми порсизабон ва мардуми Русия гуфт, густариши равобити фарҳангӣ ва академикӣ дар байни ақшори мухталифи ҷавомеи кишварҳои мухталиф илзомӣ аст.

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдурраҳмон ибни Одам, мутахаллис ба Рӯдакӣ ва машҳур ба устоди шоирон нахустин шоири машҳури порсисарои ҳавзаи тамаддуни эронӣ дар давраи Сомониён дар садаи чаҳоруми ҳиҷрии қамарӣ ва устоди шоирони ин қарн дар Эрон аст.

Донишгоҳи давлатии Маскав бузургтарин донишгоҳи Федератсияи Русия аст, ки дар соли 1755-и милодӣ таъсис шуд ва беш аз 40 ҳазор донишҷӯ дар он таҳсил мекунанд, ки 20 дарсад аз ононро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳанд.