Декабр 19, 2019 10:20 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду мурабии омӯзишии тоҷикистонии , узви гурӯҳи Толибон

Вазорати дифоъи Афғонистон аз кушта шудани ду мурабии омӯзишии тоҷики, узви гурӯҳи Толибон хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи Спутник , Ҳодии Ҷамол сухангуи типи вижаи амалиётии Вазорати дифои Афғонистон дар шимоли ин кишвар мавсум ба  Помир гуфт; ки дар амалиёти шабонаи ин воҳиди низомӣ дар ноҳияи Имомсоҳиби вилояти Қундуз дар наздикии марзи Тоҷикистон 10 узви гурӯҳи Толибон кушта шуданд,ки ду нафари онон  Тоҷик буданд.

Вай таъкид кард,ки  ҳануз ҳувият ва асомии ин ду табаъаи тоҷикистон мушахас нашудааст.

Ӯ гуфт; онон ба афроди гурӯҳи Толибон чигунагии сохт ва коргузоштани минаҳои канори ҷодаиро омӯзиш медоданд.

Ба гуфтаи Ҳодӣ Ҷамол ин афрод ба ҳамроҳи теъдоде аз атбоъи Покистон ин иқдомотро дар хориҷ аз Афғонистон омӯзиш дида будан ва бо ҳадафи кумак ба гурӯҳи Толибон ба дохили ин кишвар эъзом шуданд.

Дар ҳоли ҳозир теъдоди зиёде аз атбоъи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ва Русия ба унвони аъзои гурӯҳи Толибон дар ҳоли ҷанг бо артиши Афғонистон ҳастанд.

Аз суи дигар Ҳодӣ Ҷамол сухангуи типи вижаи амалиётии Вазорати дифоъи Афғонистон дар шимоли ин кишвар мавсум ба, Помир таъкид кардааст,ки дар мавриди ҳузури аъзои гурӯҳи терорристии ДИИШ дар вилоятҳои шимоли Афғонистон иттилоъи дақиқе надорад.