Декабр 19, 2019 12:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои режими Саҳюнистӣ ба шимоли Навори Ғаззаҳ

Сухангуи артиши режими Саҳюнистӣ аз ҳамлаи ҷангандаҳои ин режим ба пойгоҳи Ҳамос дар шимоли Навори Ғаззаҳ хабар дод.

Ба нақл аз Форс, шабакаи  Ой 24  Нюз гузориш дод,ки ҷангандаҳои нерӯи ҳавоии Исроил як пойгоҳи мутаалиқ ба Ҷунбиши Муқовимати исломии ( Ҳамос ) дар шимоли Навори Ғаззаҳро ҳадаф қарор доданд.

Сухангуи артиши режими Саҳюнистӣ бо иддаъои ин,ки ҳамлаи ҳавоӣ ба пойгоҳи Ҳамос дар вокуниш ба партоби як ракет дар бомдоди имрӯз ба самти шаҳракҳои Саҳюнистнишини наздики Ғаззаҳ буд, гуфт ; Ҳамос масули он чизе аст,ки дар Навори Ғаззаҳ рух медиҳад ва бори авоқиби иқдом алайҳи исроилиҳоро низ бояд ба душ бикашад.