Кашфи 2 ҳазору 400 литр мойеъи метаддин дар гумруки фурудгоҳи Маскав
(last modified Thu, 19 Dec 2019 08:08:27 GMT )
Декабр 19, 2019 13:08 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 2 ҳазору 400 литр мойеъи метаддин дар гумруки фурудгоҳи Маскав

Кормандони гумруки фурудгоҳи Внуково дар шаҳри Маскав аз кашфи мойеъи метаддин хабар доданд.

Ба нақл аз сомонаи хадамоти федероли гумруки Русия , арзиши ин миқдор мойеъи метаддин ҳудуди 6 миллиард рубли русӣ баровард шудааст.

Гуфта мешавад,ки ин миқдор метаддин бо парвози ҳавопаймо аз шаҳри Клени Олмон ба Маскав мунтақил шуда ва қарор буд ба Тоҷикистон ирсол шавад,ки кормандони гумруки фурудгоҳ тавонистанд ба иллати надоштани борномаи расмӣ ширкати мунтақилкунандаи ин маводро кашф кунанд.

Бар асоси қавонини Русия метаддин, маводи мухаддир маҳсуб мешавад ва ҳамлу нақли он дар ин кишвар ҷурм аст.

 Нуқтаи қобили таваҷуҳ ин аст,ки дар барчасби рӯи шишаҳои ин мавод номи дигар навишта шудааст,ки пас аз озмоишҳо мушахас шуд метаддин будааст.

Акнун дар ин маврид парвандаи ҷиноии ташкил ва ҷустуҷу барои шиносоии афроди муртабит бо интиқоли ин мавод аз Олмон ба Русия оғоз шудааст.