Декабр 20, 2019 22:09 Asia/Dushanbe
  • Тарроҳии либосҳои муҳаҷҷабаи беҳдоштӣ барои пизишкони мусулмон дар Британия

Бемористоне дар Британия барои нахустин бор иқдом ба ироаи ҳиҷобҳои якбормасраф барои пизишкон ва коркунони зани мусулмон кардааст.

Бемористони “Ройал Дерби” дар Бирмингҳоми Британия ба манзури ҷилавгирӣ аз интиқоли уфунат иқдом ба таҳияи ин либосҳо кардааст.

Фараҳи Руслон, пизишки ҷавони бемористони “Ройал Дерби” ҳангоми омӯзиши пизишкӣ дар ин бемористон ин идеяро ироа дод.

Вай пас аз соатҳо, ки дар бахши бемористон ҳиҷоби суннатии худро ба сар дошт, ба ин натиҷа расид, ки мумкин аст ин ҳиҷоб мунҷар ба интиқоли уфунат ба беморон шавад.

Руслон , ки асолатан малайзияитабор аст, барои наҳваи иҷрои тарҳи русариҳои якбормасраф ва истрил, ба кишвари худаш муроҷиа карда ва порчаеро интихоб кард, ки дар айни маҳҷуба будан, монеъ аз фаъолиятҳои ӯ дар ҳини кори пизишкӣ нашавад.

Ӯ гуфт: “Ман тамоми рӯз аз рӯсарии мушобеҳ истифода мекардам, ки комилан истрил ва идеол набуд. Дар айни ҳол, ки дилам намехост ҳиҷобамро дарбиёварам, нигарони интиқоли уфунат ба беморон будам. Ба ҳамин далел роҳи миёнаро гуфтам ва бояд як либоси махсус барои ин кор дар назар гирифта мешуд”.

Вай афзуд, бисёр хушҳол ҳастам, ки идеяе, ки доштам, ба воқеият табдил шудааст ва ин рӯсарӣ дар ҳоли ҳозир барои ҳамаи кормандон дар дастрас аст.