Декабр 22, 2019 14:14 Asia/Dushanbe
  • НАСА дар паи кашфи фарозаминиҳо

НАСА қасд дорад мавҷӯдоти фазоиро кашф кунад.

Ба нақл аз Спутник, донишмандони НАСА муътақиданд, ки метавонанд  дар дар 10 соли оянда мавҷӯдоти бегонаи фазоиро кашф кунанд.

Донишмандон, муҳандисон, ситорашиносон ва кормандони НАСА пажуҳишҳои худро барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ дар даҳсолаи оянда мутамаркиз кардаанд.

Барномаи исботи вуҷуд фарозаминиҳо  барномаи наве нест, зеро НАСА солҳо дар ҷустуҷуи нишонаҳое мабнӣ бар ҳузури фарозаминиҳо будааст, аммо донишмандон ахиран ба ин бовар расидаанд, ки имкони кашфи ин мавҷӯдот фароҳам хоҳад шуд. НАСА қасд дорад дар соли оянда як марснавардро  ба сайёраи Марс бифристад то намунаҳои сангро аз ин сайёраи сурх ҷамъоварӣ кунад.

Ду фазопаймои НАСА низ қарор аст  барои ковушм уқиёнусҳои руи сатҳи қамарҳои Сатурн(Зуҳал) ва Юпитер (Муштарӣ) ба фазо партоб шавад.

Илова бар ин телескопҳои фазоии наве низ барои баррасии  сайёороти берун аз манзумаи шамсӣ ба фазо фиристода хоҳанд шуд.

Ҳадаф аз ин барномаҳои бузург исботи вуҷуди фарозаминиҳое аст, ки шояд дар сайёороти дигар сокин бошанд.

НАСА барои расидан ба шавоҳиди лозим дар мавриди вуҷуди фарозаминиҳо барномаҳои худро суръат бахшида ва умедвор аст, ки дар ояндаи наздик шавоҳиди кифояткунандаеро ироа диҳад.