Тамҷиди Лавров аз талоши Фаронса барои мубориза бо "русияҳаросӣ"
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49317-Тамҷиди_Лавров_аз_талоши_Фаронса_барои_мубориза_бо_русияҳаросӣ
Вазири умури хориҷаи Русия аз раиси Ҷумҳурии Фаронса ба далели талош барои мубориза бо "русияҳаросӣ"-и ҳоким бар Иттиҳодияи Аврупо тамҷид кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 22, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Тамҷиди Лавров аз талоши Фаронса барои мубориза бо

Вазири умури хориҷаи Русия аз раиси Ҷумҳурии Фаронса ба далели талош барои мубориза бо "русияҳаросӣ"-и ҳоким бар Иттиҳодияи Аврупо тамҷид кард.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо Шабакаи яки телевизиони ин кишвар гуфт: Эммануэл Макрон, раиси Ҷумҳурии Фаронса ва шуморе дигар аз раҳбарони аврупоӣ мекӯшанд ҷараёни "русияҳаросӣ"-ро дар Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО маъкус кунанд.

Лавров афзуд: "Русияҳаросӣ" дар Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва Иттиҳодияи Аврупо ба болотарин ҳад расида ва Маскав борҳо аз ин бобат ибрози таассуф карда ва зарурӣ аст, ки сиёсатмадорон ин равандро маъкус кунанд.

Вазири умури хориҷаи Русия гуфт: Макрон мисли тайфи васее аз дигар раҳбарони НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо саъй дар анҷоми ин кор дорад.