Декабр 23, 2019 10:47 Asia/Dushanbe
  • Ашраф Ғанӣ: давлати оянда намояндаи тамоми мардуми Афғонистон хоҳад буд

Ашраф Ғанӣ пас аз касби аксарияти оро дар интихоботи раёсат ҷумҳурии Афғонистон гуфт, ситоди интихоботии давлатсоз, ходим ва намояндаи мардуми ин кишвар аст.

Ба нақл аз ИРНО, раиси ҷумҳури Афғонистон таъкид кард, мо ба сӯи иттиҳод ва эътимод ба якдигар ҳаракат хоҳем кард ва акнун вақти он расидааст, ки ҳама қонунманд рафтор кунанд.

Ашраф Ғанӣ бо баёни ин ки ба дарозо кашида шудани раванди интихобот, мушкилотеро барои шаҳрвандони Афғонистон ба вуҷуд овардааст афзуд, дигар касе наметавонад бо силоҳ бар мардуми ин кишвар ҳукумат кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси тими субот ва ҳамгароӣ низ дишаб дар конфронси матбуотӣ ба ҳаводорони худ гуфт, ки бо тамоми қудрат аз орои поки мардум дифоъ мекунад ва иҷоза намедиҳад, ки бори дигар тақаллуб бар мардум ҳукумат кунад.

Комиссиони интихоботи Афғонистон рӯзи якшанбе эълом кард бар асоси эъломи натиҷаҳои аввалияи интихоботи раёсат ҷумҳурӣ, Ашраф Ғанӣ бо касби ҳудуди 51 дарсади оро дар ҷойгоҳи нахуст ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ба даст овардани ҳудуди чиҳил дарсад аз маҷмуи орои интихоботи раёсат ҷумҳурӣ дар ҷойгоҳи дуввум қарор гирифт.