Декабр 24, 2019 13:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши иқдом алайҳи нуфузи Русия ва Чин дар Ховари Миёна

Муовини вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, иқдом алайҳи нуфузи Русия ва Чин дар Ховари Миёна афзоиш меёбад.

Ба нақл аз Форс, Девид Шинкир муовини вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Ховари наздик мегуяд, ки Вашингтон  дар соли оянда иқдомоти худ барои муқобила бо ҳузури Русия ва Чин дар минтақа ғарби Осиёро афзоиш медиҳад.

Шинкир зимни такрори иттиҳомоти беасос алайҳи Эрон гуфт, бо ин ки дар соли гузашта муваффақиятҳое дар сиёсатҳои давлат доштем, аммо мебинем, ки ҳануз чолишҳо побарҷост. Ин шомили нуфузи шаруронаи Эрон дар минтақа ва ҷаҳон низ мешавад.

Вай дар бораи талошҳои Русия ва Чин барои ҳузур дар ғарби Осиё тавзеҳ дод, медонам, ки дар соли 2020 мо шоҳиди афзоиши талошҳои Амрико барои муқобила бо дахолатҳои Русия ва аххозиҳои Чин дар минтақа хоҳем буд.

Муовини вазири умури хориҷаи Амрико бо созанда хондани сафари худ ба Миср изҳор дошт, Миср нақши ҳаётӣ дар амният ва суботи минтақа ифо мекунад. Идораи канали Суэтс як ҳамкории зидди террористӣ аст.

Шинкир пештар ҳам бо зикри се таҳдиди аслӣ алайҳи манофеи миллии Амрико, муддаӣ шуда буд, нуфузи мухаррибе, ки Эрон дар ҳоли пароканда кардани он дар Ховари Миёна ва фаротар аз он аст; муъзали терроризм, ба хусус таҳдидҳои эҷодшуда аз сӯи ДИИШ ва Алқоида ва рушди нуфузи Чин ва Русия.