Декабр 25, 2019 17:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти мардуми Аврупо аз беҳбуди равобит бо Русия

Тибқи натоиҷи як назарсанҷӣ, бештари мардуми Аврупо хостори беҳбуди равобит бо Русия ҳастанд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи хабаргузории “Спутник”, бар асоси натоиҷи назарсанҷие, ки муассисаи “IFOP” Фаронса, дар кишварҳои пурҷамъияти аврупоӣ, шомили Фаронса, Британия, Олмон ва Италия анҷом дода, онон хостори беҳбуди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия ҳастанд.

84 дарсад аз олмониҳо, 78 дарсади шаҳрвандони Италия, 75 дарсад аз фаронсавиҳо ва 68 дарсад аз шаҳрвандони Британия аз беҳбуди равобит бо Русия ҳимоят карданд.

Ин назарсанҷӣ дар ҳоле алоқаи мардум ва шаҳрвандони аврупоӣ ба беҳбуди робита бо Русияро исбот мекунад, ки Иттиҳоди Аврупо дар декабри соли 2019 ба далели пайвастани нимҷазираи Қрим ба Русия, барои шаш моҳи дигар таҳримҳои зиддирусиро тамдид кард.

Мӯҳлати даври қаблии ин таҳримҳо 31 январи соли 2020 буд.

Ин таҳримҳо шомили иқдоми танбеҳии бонкҳои давлатӣ, содироту воридоти таҷҳизоти ҷангӣ ва саноеи нафту гази Русия мешавад.

Кремл бо маҳкум кардани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо, пайвастани Қрим ба хоки Русияро ҳосили раванди раъйгирӣ ва демократия медонад.

 

Барчасп