Декабр 25, 2019 21:24 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди рӯзномаи белгияӣ аз эъзоми рӯҳониёни туркияӣ ба масоҷиди ин кишвар

Рӯзномаи белгияӣ ё белжикӣ аз эъзоми рӯҳониёни туркияӣ ба масоҷиди ин кишвар интиқод кард.

Як рӯзномаи белжикӣ бо интиқод аз эъзоми рӯҳониюни туркияӣ ба масоҷиди ин кишвар муддаӣ шуд, ки Анкара бо ин кор ба тарвиҷи ифротигарӣ кумак мекунад.

Рӯзномаи белжикӣ дар ёддоште дар бораи сиёсати Туркия дар сохти масҷид ва эъзоми имоми ҷамоат барои онҳо, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури ин кишварро ба тарвиҷи ақоиди террористӣ ва ифротигарӣ дар Белгия муттаҳам кард.

Ин рӯзнома бо ишора ба тасмими Туркия барои эъзоми чиҳил имоми ҷамоати ҷадид барои масоҷиди сохти созмони давлатии “Диёнат” дар Белгия, дар соли ояндаи мелодӣ навишт: “Диёнат” ба бозуи баланди режими Туркия шӯҳрат дорад, ки албатта нигарони масоили варои мазҳаб аст.

Ин рӯзнома ба нақл аз дастгоҳи амниятии Белгия навишт: Созмони “Диёнат” ҷамъияти туркҳоро дар Белгия бо душман нишон додани мухолифони Эрдуғон, қутбӣ мекунад.

Ин рӯзнома ҳамчунин бо “муҷодилаомез” хондани тасмими давлати Туркия барои эъзоми имоми ҷамоат барои масоҷиди худ дар Белгия тавзеҳ дод: зеро давлати Белгия тамоюл дорад ин рӯҳониюн тавассути маҷмаи мусулмонони Белгия омӯзиш дида ва мансуб шаванд.

Созмони “Диёнат” ё идораи умури мазҳабӣ - як ниҳоди давлатӣ дар Туркия аст, ки дар соли 1924 зайли банди 136-и қонуни асосии ин кишвар таъсис шуд.