Декабр 26, 2019 13:00 Asia/Dushanbe
  •  Таркиш дар Навори Ғаззаҳ

Садои таркиш дар Навори Ғаззаҳ ба гуш расид.

Пас аз шилики ракет аз Навори Ғаззаҳ ба ҷунуби сарзаминҳои ишғолӣ,ки мунҷар ба гурехтани нахуствазири режими Саҳюнистӣ ба паноҳгоҳ шуд, акнун расонаҳои Саҳюнистӣ аз ҳамла ба Навори Ғаззаҳ хабар медиҳанд.

Ба нақл аз Форс,расонаҳои Саҳюнистӣ бомдоди панҷшанбе аз шунида шудани садои таркиш дар Навори Ғаззаҳ хабар доданд.

Ин хабар соате пас аз он мухобира шуд,ки расонаҳои Саҳюнистӣ аз ҳамлаи ракете аз Навори Ғаззаҳ ба ҷунуби Фаластини ишғолӣ хабар доданд. Садои бонги хатар дар шаҳракҳои Ъасқалон, Омуним, Ъазриком ва бархе дигар аз шаҳракҳои Саҳюнистӣ шунида шуд.

Саҳюнистҳо аз вокуниши сомонаи Гунбади Оҳанин ба ин ҳамлаи ракети хабар дода буданд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт,ки Бинёмин Натаняҳу нахуствазири режими Саҳюнистӣ барои суханронӣ дар корзори интихоботии худ ба  Ъасқалон сафар карда буд. Дар паи шунида шудани садои бонги хатар, вай ба паноҳгоҳ мунтақил шуд.

Ин дуввумин бор аст,ки Натаняҳу дар мувоҷиҳа бо ҳамлаҳои ракети аз Навори Ғаззаҳ ба паноҳгоҳ мунтақил мешавад. Тафъаи гузашта низ вай дар Ашдуд ва дар ҷараёни суханронии интихоботӣ ба паноҳгоҳ мунтақил шуд.

Барчасп