Хисорати миллиардии Трамп ба санъати кишоварзии Амрико
Раисҷумҳури Амрико 16 миллиард доллар ба содироти кишоварзии ин кишвар хисорат зад.
Пойгоҳи хабарии “Де Газета”-и Амрико рӯзи ҷумъа дар гузорише навишт, дар ҷанги тиҷории Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо Чин, содироти кишоварзии Амрико аз 25.9 миллиард доллар ба 9.1 миллиард доллар расид ва зиёни ҳангуфтеро насиби кишоварзони ин кишвар сохт.
Тибқи ин гузориш, аз замони оғози ҷанги тиҷории Трамп бо Пекин дар соли гузашта, Чин хариди маҳсулоти кишоварзии худро аз Бразилия, Аргентина ва дигар кишварҳо афзоиш дод.
Дар натиҷа, Чин ногузир ба идомаи харид дар чорчӯби қарордодҳое хоҳад буд, ки бастааст ва дар ин сурат ҳатто агар Пекин қасди хариди фаврии колоҳои кишоварзии Амрикоро ҳам дошта бошад, мумкин аст натавонад ин корро анҷом диҳад.
Содироти кишоварзии Амрико ба Чин, ки дар соли 2012 ба рекорди 25.9 миллиард доллар расида буд, соли гузашта ба 9.1 миллиард доллар коҳиш ёфт.
Содироти лубиё ва донагиҳо ба Чин ба пойинтарин сатҳ дар 12 соли гузашта, яъне 3.1 миллиард доллар коҳиш пайдо кардааст.
Иёлати Айоваи Амрико аз марокизи бузурги кишти сӯё (нахуди чинӣ ё лубиё) ва зуррат (ҷуворимакка) –и Амрикост.
Ин иёлат аз пойгоҳҳои муҳими интихоботии Трамп буд ва дар ҷараёни интихоботи соли 2016 аксари мардуми он ба Трамп раъй доданд.
Бо ин вуҷуд, ҷанги тиҷорӣ бо Чин ба коҳиши фурӯши сӯё ва зуррат ва дар натиҷа норизоятии кишоварзони Айова аз сиёсатҳои Трамп мунҷар шудааст.