Декабр 28, 2019 13:59 Asia/Dushanbe
  • Вуруди севвумин корвони низомии Амрико ба Сурия дар моҳи декабр

Севвумин корвони низомии Амрико дар моҳи декабр аз Ироқ ба Сурия ворид шуд.

Ба нақл аз Форс, як корвони низомии Амрико шомили 30 комюни ҳомили таҷҳизоти низомӣ аз тариқи як гузаргоҳи марзии Ироқ вориди хоки Сурия шуд ; ин севвумин корвони низомии Амрико дар моҳи декабри имсол аст.

Дар Алҳасакаи Сурия аз вуруди як корвони низомии артиши Амрико шомили 30 комюн ҳомили таҷҳизоти низомӣ ва лаҷастик ба ин устон хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, ин корвон,ки шомили таҷҳизоти низомӣ назири гулулаҳои ҷангӣ, худравҳои шостибаланд ва бучкаҳои сухт аст шаби ҷумъа, ғайри қонунӣ аз тариқи гузаргоҳи заминии Алвалид вориди хоки Сурия шуда ва дар ҳоли ҳозир дар пойгоҳи низомии амрикоии дар минтақаи  Тл бедр ( Қасрак ) дар шимоли шаҳри Алҳаска дар ихтиёри низомиёни амрикоӣ қарор гирифтааст.

Ин севвумин корвони низомии амрикоӣ аз оғози моҳи декабри ҷорӣ аст,ки вориди хоки Сурия мешавад. Таи чанд ҳафтаи гузашта, таҷҳизоти низомии зиёде ба пойгоҳҳои низомии ишғолгарони амрикоӣ дар устонҳои Алҳасака ва Дералзур интиқол ёфта ва ин иқдом бо ҳадафи тақвияти ситраи Амрико бар майдонҳои нафтӣ ва газӣ дар ин минтақа сурат мегирад.

Гуфта мешавад,ки ҳудуди 90 дар сад захираҳои нафтии Сурия дар шарқи рӯди Фурот мутамарказ шудааст ; минтақае,ки қаблан манбаи аслии даромади терорристҳои ДИИШ буд ва акнун умдатан тавассути неруҳои демократии Сурия кантрол мешавад.

 

Барчасп