Декабр 28, 2019 17:41 Asia/Dushanbe
  • Мухолифоти Эрон, Чин ва Русия бо якҷонибагароии Амрико

Коршинос ва таҳлилгари CGTN телевизион англисизабони Чин- дар бораи баргузории размоиши муштараки Эрон, Чин ва Русия гуфт, ин се кишвар ҳаргиз идеаи Амрико барои тасаллути якҷониба бар обҳои минтақаро намепазиранд.

Ба нақл аз ИРНО, Бобӣ Нодирӣ рӯзи шанбе дар бораи баргузории размоиши муштараки Эрон, Чин ва Русия афзуд, ин размоиш фақат ба эҳтизоз даровардани парчам нест, балки ин кишварҳо дар дарёи Уммон ва уқёнуси Ҳинд размоише монанди Як камарбанди амниятӣ баргузор мекунанд, ки ҳадафаш тақвияти назм ва таодули минтақаӣ аст.

Коршинос ва таҳлилгари CGTN телевизион англисизабони Чин бо ишора ба ин ки ин размоиш тавон ва омодагии нерӯҳои дарёии Эрон, Чин ва Русияро афзоиш медиҳад гуфт, размоиши муштараки дарёии ин се кишвар бо ҳадафи муқобила бо таҳдидҳои террористӣ, тақвияти амнияти минтақаӣ, муқобила бо роҳзании дарёӣ ва ҳаросат аз тиҷорати байналмиллалӣ ва амнияти энержӣ анҷом мегирад.

Бобӣ Нодирӣ ҳамчунин таъкид кард, Амрико ҳуқуқи Эронро нақз карда ва ин размоиш ба унвони нерӯи тавозунбахш дар баробари якҷонибагароии Вашингтон аст.

Размоиши дарёии муштараки Эрон, Чин ва Русия аз дирӯз ҷумъа бо паёми сулҳ, дӯстӣ ва амнияти пойдор дар сояи ҳамкорӣ ва иттиҳоди ҷамъӣ ба муддати чаҳор рӯз дар шимоли уқёнуси Ҳинд ва дарёи Уммон оғоз шудааст. 

Барчасп