Декабр 30, 2019 13:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости Покистон аз Созмони ҳамкории исломӣ барои ҳимоят аз мусулмонони Ҳинд

Вазири умури хориҷаи Покистон аз Созмони ҳамкории исломӣ хост аз ҳуқуқи мусулмонони Ҳинд дифоъ кунад.

Ба нақл аз Анатолӣ, Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ дар иёлати Панҷоби шарқи Покистон таъкид кард, Созмони ҳамкории исломӣ бояд вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ин созмонро гирди ҳам овард ва ба манзури дифоъ аз ҳуқуқи Камиссиони мустақили доимии ҳуқуқи башари Созмони ҳамкории исломӣ бисту чаҳоруми декабр хушунат ва кушторро дар тазоҳуроти мусолиматомез зидди қонуни шаҳрвандӣ дар Ҳинд маҳкум кард.

Ин камиссион аз ҷомеаи байналмиллалӣ ва Созмони Миллал хост ба давлати Ҳинд фишор оварданд, то бандҳои табъизомези ин қонунро ҳазф ва стандардҳо ва меъёрҳои байналмиллалиро дар бархурд бо тазоҳуркунандагон риоят кунад ва ҳуқуқи башарро муҳтарам бишуморад.

Ёздаҳуми декабр, парлумони Ҳинд қоунуни баҳсбарангезе дар бораи шаҳрвандӣ тасвиб кард, ки дар он ҳуқуқи шаҳрвандӣ барои ҷомеаҳои ҳинду, будоӣ ва масеҳӣ дар назар гирифта шудааст, аммо шомили мусулмонон намешавад.

Ин қонун эътирозҳои густарда ва даргириҳое дар Ҳинд эҷод карда, ки то кунун ҳудуди си кушта бар ҷо гузоштааст.

 

Барчасп