Ҳашдушшаъбӣ ва Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i49551-Ҳашдушшаъбӣ_ва_Амрико
Мавзеъҳои Ҳашдушшаъби(неруҳои мардуми)и Ироқ дар Алқоим дар вилояти Аланбор шомгоҳи якшанбе (30 декабр) ҳадафи ҳамлаи паҳподҳои Амрико қарор гирифт ва даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 30, 2019 13:20 Asia/Dushanbe
  • Ҳашдушшаъбӣ ва Амрико

Мавзеъҳои Ҳашдушшаъби(неруҳои мардуми)и Ироқ дар Алқоим дар вилояти Аланбор шомгоҳи якшанбе (30 декабр) ҳадафи ҳамлаи паҳподҳои Амрико қарор гирифт ва даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

 Аввалин бор нест, ки Амрико алайҳи Ҳашдушшаъбӣ амал мекунад. Пеш аз ин борҳо Амрико ва муттаҳидонаш Ҳашдушшаъбиро ба ғоратгарӣ , фасоди ахлоқӣ ва фирқагароӣ муттаҳам карда , нақши онро дар ҷараёни мубориза бо терроризми диишӣ зери савол бурда ва дар чанд навбат низ мавзеъҳои онро ҳадафи ҳамлаҳои низомӣ қарор доданд. Саволӣ муҳим ин аст, ки сабаби душмании Амрико бо Ҳашдушшаъбӣ чист?

 Метавон аввалин ва муҳимтарин омили ин душманиро ҳувиятҳои мутазодди Ҳашдушшаъбӣ ва Амрико унвон кард. Ҳашдушшаъбӣ бозигари " басиҷсоз" дар Ироқ аст, ки аз тавони " басиҷсозии" худ барои аҳдофи меҳвари муқовимат дар минтақа баҳра мегирад, дар ҳоле, ки Амрико душмани аслии муқовимат аст.

 Ҳашдуш-шаъбӣ дар ростои ҳувияти " муқовиматии" худ бо ҳар гуна мудохилаи Амрико дар минтақа ба таври ом ва дар Ироқ ба таври хос мухолиф аст. Ҳашдушшаъбӣ аз тариқи пойгоҳҳои худ дар Алқоим, ки наздиктарин пойгоҳ ба Айнуласади Амрико аст, бар рафту омади нируҳои Амрико байни Ироқ ва Сурия назорат дорад ва барои нируҳои амрикоӣ маҳдудият эҷод мекунад.

 Ҳашдуш-шаъбӣ бозигари наздик ба Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ироқ аст , дар ҳоле, ки Амрико муҳимтарин душмани Эрон дар ҷаҳон аст. Вазорати дифои Амрико пас аз ҳамлаи шомгоҳи якшанбе ба мавозеъи Ҳашдушшаъбӣ эълом кард, ки гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ равобити наздике бо Эрон доранд.

 Дувумин далели душмании Амрико бо Ҳашдуш-шаъбӣ дифоъ аз манофеъи режими сҳиунистӣ аст. Ҳузур ва қудрат гирифтани Ҳашдушшаъбӣ дар Ироқ ба маънои тақвияти ҷойгоҳи гурӯҳҳои муқовимат дар минтақа аст, ки дар таззод бо манофеъи Исроил , муҳиммтарин муттаҳиди Амрико дар ғарби Осиё қарор дорад. Дар ҳамин росто Есроил Котс-вазири хориҷаи Исроил бо истиқбол аз ҳамлаи Амрико алайҳи Ҳашдушшаъбӣ, онро як нуқтаи сарнавиштсоз тавсиф кард.

 Севумин далели душмании Амрико бо Ҳашдуш-шаъбӣ мамониъат аз қудрат гирифтани он дар сохтори Ироқ аст. Илова бар Амрико ва Исроил, Арабистони саудӣ низ аз муҳимтарин мухолифони Ҳашдушшаъбӣ аст. Агарчи Ҳашдушшаъбӣ бозигари арабӣ дар Ироқ аст, аммо Арабистон ҳамон гуна, ки ба Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ва Ансоруллоҳи Яман ба унвони ҷунбишҳои арабии мухолиф бо худ менигарад чунин нигоҳеро ба Ҳашдушшаъбӣ низ дорад. Бино бар ин Америка талош мекунад бозигарони арабӣ, ки ноҳамсу бо сиёсатҳои Арабистон ҳастанд, рушд накунанд.

 Чаҳорумин далел ин аст, ки Ҳашдушшаъбӣ иродаи ҷиддӣ барои мубориза бо террористҳои ДИИШ дар Ироқ дорад, дар ҳоле, ки Амрико на танҳо нобудии ДИИШ-ро пайгирӣ намекунад, балки дар паи он аст унсурҳои ДИИШ аз Сурия вориди Ироқ шаванд. Пойгоҳҳои Ҳашдушшаъбӣ дар Алқоим, ки шомгоҳи якшанбе ҳадафи ҳамлаи паҳподҳои Америка қарор гирифт, маконе буд, ки ДИИШ аз он истифода мекард ва аз ин тариқ садҳо нафар аз аъзои ин гуруҳ ба Ироқ мунтақил шуданд.

Маҷмӯъи ин далелҳо сабаб шуд,ки Амрико бо тамға задан ва амалиёти низомӣ алайҳи Ҳашдушшаъбӣ иқдом кунад.