Иддаои мақоми амрикоӣ дар мавриди ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод
(last modified Wed, 01 Jan 2020 08:24:20 GMT )
Январ 01, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Иддаои мақоми амрикоӣ дар мавриди ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод

Мушовири пешини амнияти миллии Амрико, пас аз таҷаммӯи мардуми хашмгини Ироқ муқобили сафорати Амрико дар Бағдод, ин эътирозотро мушобеҳ бо воқеаҳои инқилоби исломии Эрон донист.

Ба нақл аз  ИРНА, Джон Болтон, мушвири пешини амнияти миллии Амрико, рӯзи сешанбе дар саҳифаи Twitter-и худ навишт: Ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод нашъатгирифта аз воқеаҳои 4-уми ноябри 1979 (13-и обони 1358) буд.

Болтон дар идомаи ин твит муддаӣ шуд: Ин вазъ нишон аз назорати Эрон бар гурӯҳҳои шибҳи низомии шиа дар Ироқ дорад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико низ дар твите муддаии дахолати Эрон дар ин иқдом шуд.

4-уми ноябр баробар бо 13-уми обон, ёдовари рӯзи миллии "Мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ" дар Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки донишҷӯёни эронӣ дар эътироз ба тавтиаҳои мутааддиди Амрико зидди инқилоби исломии Эрон, лонаи ҷосусӣ (сафорат)-и Амрикоро дар Теҳрон тасхир карданд.