Оғози руйкарди нав;ҳадияи Крисмаси "Ун ба Трамп"
(last modified Thu, 02 Jan 2020 09:21:34 GMT )
Январ 02, 2020 14:21 Asia/Dushanbe
  • Оғози руйкарди нав;ҳадияи Крисмаси

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ба Амрико дар хусуси иқдомоти хасмонааш зидди Пхенян, ҳушдор дод. Ким Ҷонг Ун дар суханронии соли нави 2020 худ эълом кард, агар Амрико ба сиёсати хасмонаи худ зидди Кореяи Шимолӣ идома диҳад, ҳаргиз халъи силоҳи ҳастаӣ дар нимаҷазираи Корея анҷом нахоҳад гирифт.

Раҳбари Кореяи Шимолӣ ҳамчунин эълом кард, ки дар пайи лағви муҳлати қонунии муқаррар барои анҷоми стратегии Корея Шимолӣ хоҳад буд. Раҳбари Кореяи Шимолӣ бо ишора ба ин ки сатҳи боздорандагии ҳастаии Кореяи Шимолӣ ба нигариш ва иқдомоти ояндаи Амрико бастагӣ дорад афзуд, Пхенян дар ҳоли барномарезии силоҳи роҳбурдии нав аст, ки бо истифода аз он дар муқобили Амрико қарор хоҳад гирифт.

Дар ин миён хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ низ дар гузорише эълом кард, ки Ким Ҷонг Ун муҳлати қонунии муқаррар аз сӯи Пхенян барои анҷоми гуфтугӯҳои халъи силоҳи ҳастаӣ бо Амрикоро лағв кардааст. Афзун бар ин ба гуфтаи раҳбари Кореяи Шимолӣ дар шароите, ки Амрико бар баргузории размоишҳои худ дар минтақа идома медиҳад, Кореяи Шимолӣ дигар ба мамнуияти озмоиши боздорандагии ҳастаӣ ва мушакҳои болстики байни қораӣ амал нахоҳад кард.

Нигоҳе ба суханони Ким Ҷонг Ун дар соли нав баёнгари ин мавзӯъ, ки мавзеъҳои Кореяи Шимолӣ дар баробари Амрико таъбир кардааст. Дар бораи тағйири мавзеъҳои Кореяи Шимолӣ дар баробари Амрико зикри чанд нукта зарурӣ аст:

Нуктаи аввал, ба эътиқоди коршиносони сиёсӣ эъломи ин мавзӯъ метавонад ба манзилаи наздик шудан ба поёни ду сол депломасӣ миёни Ким Ҷонг Ун ва Доналд Трамп барои поён додан ба буҳрон дар нимаҷазираи Корея бошад. Пхенян пештар ба Амрико ҳушдор дода буд дар сурате, ки Амрико то поёни соли 2019 коре барои аз саргирии музокирот накунад, як ҳадияи Крисмас ба Вашингтон хоҳад дод.

Нуктаи дуввум ин ки то кунун се даври музокирот миёни Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ва Ким Ҷонг Ун раҳбари Кореяи Шимолӣ дар Сингапур, Ветном ва дар марзи ду Корея баргузор шуд, ки ба иллати адами пойбандии Вашингтон ба тааҳудоташ дар баробари Пхенян, музокирот бо шикаст ру ба ру шудааст. Ба ҳамин далел ҳам аст, ки раҳбари Кореяи Шимолӣ дар нишасти аъзои Ҳизби ҳокими ин кишвар аз он ба унвони дархостҳои гонгестермаобона ёд мекунад. Ба баёни дигар мақомҳои амрикоӣ чандин даҳа аст ба Кореяи Шимолӣ таъкид мекунанд таваққуфи ин барномаи ҳастаии низомӣ метавонад боиси муваффақият ва рушди ин кишвар шавад, аммо ҳеҷвақт ҳозир ба додани мушаввиқҳои иқтисодӣ ва амниятӣ ба ин кишвар нашудаанд.

Нуктаи муҳими дигар дар ин бора ин ки дар шароите, ки Кореяи Шимолӣ дар наздик ба ду сол даст аз озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакҳои болстики қоррапаймо ва дурбурд кашид, давлати Амрико бештарин таҳримҳо ва фишорҳои иқтисодиро алайҳи ин кишвар ба кор гирифт. Акнун барои Кореяи Шимолӣ рушан шудааст, ки рафтор ва амалкарди Амрико дар гуфтугӯҳо созанда набуда ва ин кишвар ҳаргиз манофеи Кореяи Шимолиро дар назар нагирифтааст.

Афзун бар ин Ким Ҷонг Ун пеш аз ин хостори иттихози тадбирҳои қотеъ ва таҳоҷумӣ барои тазмини амнияти Кореяи Шимолӣ шуда буд. Бо поён ёфтани муҳлати Амрико барои музокира, пайёми тозаи Ким Ҷонг Ун мабнӣ бар поёни муҳлати таваққуфи озмоишҳои ҳастаӣ ва мушакии болстики ин кишвар метавонад нишонаи аз саргирии озмоишҳои ҳастаии Пхенян бошад.

Дар маҷмуъ Трамп ва Ун дар 20 моҳи гузашта 3 бор боҳам дидор ва гуфтугӯ карданд. Кореяи Шимолӣ дар ин муддат бисёре аз иқдомоти роҳбурдиро анҷом дод ва дар натиҷа ниҳоятан таҳти ҳамин ройзаниҳо барномаҳои таслиҳотии атомиро мутаваққиф кард, дар иваз Амрико ба ҷои ин ки мушаввиқ ва имтиёзе барои ин кишвар дар назар гирад таъкид карда Пхенян бояд таслиҳоти ҳастаиашро низ таҳвил диҳад иқдоме, ки ҳаргиз мавриди қабули Кореяи Шимолӣ қарор нагирифт. Афзун бар ин Пхенян мегуяд дар замоне, ки ин озмоишҳоро мутаваққиф карда буд шоҳиди размоишҳои мухталиф аз сӯи Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ  дар минтақа буда ва таҳримҳоро низ таҳаммул кардааст. Албатта дар ин миён Чин ва Русия мегуянд, ки таҳримҳо бояд коҳиш ёбад ва сулҳи доимӣ дар нимаҷазираи Корея барқарор шавад. Корея Ҷанубӣ ҳам ба рағми пайравӣ аз сиёсатҳои Амрико борҳо хостори додани имтиёзҳое ба Кореяи Шимолӣ шудааст. Бо дарки ҳамин шароит аст, ки Пхенян бо поён ёфтани фурсати музокира бо Амрико ва адами пойбандии Вашингтон ба ваъдаҳои худ дар музокирот дар баробари Кореяи Шимолӣ, тасмим ба тағйири руйкарди худ дар баробари Амрико шудааст. Ба эътиқоди коршиносон бо афзоиши таниши равобит миёни Иёлати Муттаҳида ва Кореяи Шимолӣ Ун  мушаки болстики байни қораиро, ки қодир ба ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ аст, тасреъ мебахшад. Албатта ба навиштаи рӯзномаи Индипендент кишвар дар ҳоли кор бар руи маводи боздорандаи ҳастаии нав аст, аммо меқёси он бастагӣ ба равобити ояндаи ду кишвар дорад.