Январ 03, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон ба террори сардор Сулаймонӣ

Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон гуфт, иқдоми террористии Амрико дар ба шаҳодат расонидани сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ намунаи ошкори терроризми давлатӣ аст ва Трампи ҷинояткор дар садри он қарор дорад.

Латифи Пидром, намояндаи пешини порлумон ва номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон афзуд, Амрико манбаи шароратҳои бисёре дар ҷаҳон ва минтақа аст. 

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон низ дар паёме зимни таслияти шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъкид карданд, интиқоми сахте дар интизори ҷинояткороне аст, ки дасти палиди худро ба хун олуданд.