Нобудии қавонини байналмиллалӣ бо шаҳодати сардор Сулаймонӣ
(last modified Sat, 04 Jan 2020 09:41:26 GMT )
Январ 04, 2020 14:41 Asia/Dushanbe
  • Нобудии қавонини байналмиллалӣ бо шаҳодати сардор Сулаймонӣ

Раиси Кумитаи байналмиллалии Шӯрои федератсиони Русия гуфт ; шаҳодати фармондеҳи Сипоҳи Қудс аз тарафи Амрико нобудии қавонини байналмилаллиро дар пай хоҳад дошт.

Ба нақл аз хабаргузории ТАСС и Русия , Канстантин Касачёв гуфт ; куштани сардор сипеҳбуд Қосим Сулаймонӣ аз тарафи Амрико нобудии қавонини байналмиллалӣ пазируфта шуда баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввумро дар пай хоҳад дошт.

Ин сиёсатмадори рус ин шеваи ба шаҳодат расондани рақибони Амрикоро аз тарҳҳои Вашингтон дар оянда унвон карда ва гуфтааст, агар аз ин иқдомот пешгирӣ нашавад ҷангҷуёни амрикоӣ ба минтақаҳои даргир эъзом мешаванд ва бо тероррист унвон кардани рақибони худ,онҳоро нобуд мекунанд.

Раиси Кумитаи байналмиллалии Шӯрои федератсиони Русия тасриҳ кард, дасти нерӯҳои низомии Амрико боз аст ва онҳо амали худро муқадас медонад, аммо ғаромат нахоҳанд пардохт.