НАТО: Фаъолияти шабакаи Алқоида дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Фармондеҳи низомиёни амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон эълом кард, фаъолияти шабакаи террористии Алқоида дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Ирно, расонаҳои Афғонистон имрӯз ба нақл аз генерал Ҷон Николсон гузориш доданд, ки шабакаи террористии Алқоида бо истифода аз халаи амниятӣ дар манотиқи дурдасти Афғонистон, фаъолияти худро дар ин кишвар афзоиш додааст .
Лашкаркашии Амрико, ки дар соли 2001 ба баҳонаи саркуб ва мубориза бо шабакаи террористии Алқоида ва маводи мухаддир ба Афғонистон анҷом шуд, ҳеч дастоварде дар ин замина надошт .
Бо ин ҳол акнун Амрико бо фиреби афкори умумӣ ва тарҳи афзоиши фаъолияти Алқоида дар паи тақвият ва тавҷеҳи идомаи ҳузури низомии худ дар Афғонистон аст .
Коршиносон бар ин боваранд, ки идомаи ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон сабаби афзоиши ноамнӣ, бесуботӣ ва тадовуми ҳамалоти гурӯҳҳои мухолиф дар ин кишвар шудааст .