Ҳушдори Ҷереми Ҳант дар бораи шикофи амиқи миёни муттаҳидони НАТО
(last modified Tue, 07 Jan 2020 12:17:30 GMT )
Январ 07, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ҷереми Ҳант дар бораи шикофи амиқи миёни муттаҳидони НАТО

Вазири умури хориҷии собиқи Британия эълом кард, афзоиши танишҳо дар Ховари Миёна шикофи амиқеро дар миёни муттаҳидони НАТО эҷод кардааст.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории “Спутник”, Ҷереми Ҳант дар ёддоште барои рӯзномаи “Телеграф” навишт, иттиҳоди кишварҳои ғарбӣ, ки умдатан тавассути Амрико ва Британия эҷод шуда, бо бузургтарин шикоф ва ихтилофи худ то ба имрӯз рӯ ба рӯст. Вазири умури хориҷии собиқи Британия дар идомаи ин ёддошт афзуд: “Куштани генерал Сулаймонӣ дар ҳафтаи гузашта ихтилофоти амиқи миёни мо дар рӯйкард дар қиболи Эронро ба намоиш гузошт, ки ба тасмими Доналд Трамп барои хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии Эрон бармегардад”.

Нерӯҳои мутаҷовизу террористи артиши Амрико бомдоди ҷумъа, савуми январ тайи ҳамлаи паҳподие дар фурудгоҳи Бағдод сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқро ҳамроҳи ҳашт тани дигар аз қаҳрамонони мубориза бо терроризм ба шаҳодат расонданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико соате баъд ба ҷинояти худ дар судури дастури ин террор эътироф ва Пентагон ҳам эълом кард, ки дастури ин ҳамларо Трамп содир карда буд.