Январ 08, 2020 19:30 Asia/Dushanbe
  • Талоши Филиппин барои рушди касбу кори гардишгарии ҳалол

Вазорати тиҷорат ва саноати Филиппин ба дунболи рушди касбу корҳои муртабит бо гардишгарии ҳалол дар ин кишвар аст.

Ба гузориши ИКНА, ба далели кам будани маконҳо ва имконоти гардишгарии ҳалол дар Филиппин, гардишгарони мусулмон камтар ин кишварро барои сафарҳои худ интихоб мекунанд. Ин мавзуъ боис шуда, ки Вазорати тиҷорат ва саноати Филиппин ба дунболи рушди касбу корҳои муртабит бо гардишгарии мусулмонон дар ин кишвар бошад.

Рамон Лопез, вазири тиҷорат ва саноати Филиппин, ки раиси ҳайати тавсеа ва пешрафти содироти ҳалол низ ҳаст, рӯзи душанбе гуфт, ки Филиппин дар бозори ҷаҳонии ҳалол ҷойгоҳи пойине дорад.

Лопез афзуд, бо он ки зарфияти бисёре дар саноати гардишгарии ҳалол вуҷуд дорад, гардишгарони мусулмони зиёде аз сафар ба Филиппин сарфи назар мекунанд, зеро фақат дар чанд макон метавонанд, ғизо бихуранд. Ба ин тартиб, бояд ниҳодҳои бештаре муҷаввизи ҳалол дошта бошанд то мусофирони бештаре ба ин кишвар биёянд.

Дар ҳоли ҳозир 9 ширкати филиппинӣ гувоҳии ҳалол доранд, ки дар заминаи маводи ғизоӣ, ороишӣ ва беҳдоштӣ, меҳмонхонаҳо ва ресторанҳо фаъолият доранд.

Бар асоси оморҳои ширкати “Глобал травел” пешбинӣ мешавад, ки имсол арзиши бозори ҷаҳонии мусофирати мусулмонон ба 220 миллиард доллар ва то соли 2026 ба 300 миллиард доллар бирасад.