Январ 09, 2020 13:45 Asia/Dushanbe
  • Алҳувсӣ ; терори Қосим Сулаймонӣ таҷовузи ошкор буд

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар суханоне бо ишора ба ҷиноятҳои амрико алайҳи мардуми Яман ва минтақа, мавзеи ин Ҷунбишро мавзеи бар ҳақ хонд.

Ба нақл аз Исно, Абдулмалик Алҳувсӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар ин изҳорот гуфт; мавзуи мо дар даргириҳо мавзеи ҳақ аст. Амрико вориди ҷанги мустақим шуда ва ба шакли ошкор моро ҳадаф мегирад Амрико муртакиби ҷиноятҳои қатл алайҳи садҳо ҳазор тан аз мардуми Ироқ шудааст.

Алҳувсӣ дар ишора ба ҷиноятҳои Амрико алайҳи мардуми минтақа идома дод ; читавр имкон дорад мо Фаластин ва зулм ва ситаме,ки дар ҳақи онҳо мешавад фаромуш кунем.

Раҳбари Ансоруллоҳ ҳамчунин нақши феълии Амрико дар ҳимоят аз Исроилро таҷовуз ба уммати арабӣ ва исломӣ ва муқадасоти онҳо донист.

Вай гуфт ; Иттилофи арабие,ки ба кишвари мо ҳамла мекунад таҳти назорати Амрико аст. Агар Амрико дар ин замина нақше надошт барои чи мо ҳадафи ин душманӣ қарор гирифтаем. Бомбаҳои Амрикоӣ дар маҷлисҳои азо ва арусии Яман фуруд меояд ва ин нишондиҳандаи ҳимояти Амрико аз Иттилофи мутаҷовизи арабӣ аст.Раҳбари Ансоруллоҳ гуфт; Амрико ҳар гиз ба ҳампаймононаш эҳтиром нагузошта ҳамонтавре,ки бо низоми Саудӣ чунин рафторе дорад. Вақте Амрико ба мардум ва давлати Арабистон лақаби Гови ширдеҳ медиҳад оё ин эҳтиром аст ? мо ҳадафи ҳаҷмаи пайвастаи Амрико ва Исроил ҳастем,ки дар ҷараёни он ба куштори мардуми мо ва таҷовуз ба сарзамин ва муқадасоти мо ва ғорати сарватҳоямон даст мезанад. Рӯёрӯи бо ҳаҷмаи амрикоии мустакбир вазифаи воҷиб бар уҳдаи ҳамаи уммати Яман аст Амрикое,ки моро ҳадафи таҷовуз гирифта ва бо фитнаафканӣ ба ҳимоят аз ДИИШ ва терорризм дар минтақа идома медиҳад.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман гуфт ; мо канори озодагони уммати ислом дар Эрон, Ироқ, Лубнон ва Фаластин барои рӯёрӯи бо шарорат ва бадӣ ҳастем. Мавзеи мо дар муқобили Амрико ва Исроил ҳамон мавзеи аввалияи мост ва тағйире накарда ва Исроил душмани маҳаи мост. Ҷанги Яман дучори шикасти бузурге шуда ва мо имрӯз аз ҳар замони дигаре қавитар ҳастем.

Вай гуфт; амалиёти ҷинояткоронаи Амрико,ки фармондеҳони мусалмон, озода ва бузург ба номи Ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ ва Ҳоҷи Абумаҳдӣ Алмуҳандис ва ҳамроҳони онҳоро ҳадаф гирифт таҷовузи ошкор буд. Амрико ин ҳақро надорад,ки ҳеҷ амалиёти низомӣ дар Ироқ анҷом диҳанд ва фарзандон ва ҳамсоягони онро бикушад. Дар муқобили ҳар ҷинояти Амрико касе меояд ва онро тавҷия мекунад ва тарафи дигаре хостори сукут аст, ин хиёнат ба уммат аст. Ҳузури низомии Амрико дар ростои хидмат та тавтиаҳост,истиъморро тасбит ва миллатҳои минтақаро саркуб мекунад. Амрико бо терори шаҳид Қосим Сулаймонӣ ҳамаи меъёрҳо аз ҷумла истиқлоли Ироқро зери по гузошт.