Январ 12, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Малакаи Англия ба бозмондагони сониҳаи ҳавоӣ таслият гуфт

Малакаи Англия дар пайоме ба бозмондагони сониҳаи ҳавопаймоии украинӣ дар Эрон таслият гуфт.

Ба нақл аз ИРНО, Элизабети дуввум-малакаи Англия дар пайоме, ки шанбешаб дар сайти расмии хондони салтанатии ин кишвар мунташир шуд, суқути ҳавопаймои украиниро ба бозмондагони мусофирон ва хадамаи ин ҳавопаймо таслият гуфт.

Дар ин пайом омадааст, ман таслияти амиқи худро ба хонаводаҳо, дӯстон ва ҳамкорони ҳамаи канадаиҳо ва албатта шаҳрвандони дигар кишварҳо, ки дар ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд ва касоне, ки аз ин ҳодисаи фоҷеабор мутаассир шудаанд, иброз медорам.

Як ҳавопаймои хутути ҳавоии Украина рӯзи чаҳоршанбе пас аз бархостан аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (р) бар асари хатои инсонӣ ва ба сурати ғайри амд мавриди асобат қарор гирифт ва дар натиҷаи ин ҳодиса 176 мусофир ва хадама аз ҷумла 146 мусофири эронӣ ҷон бохтанд.

Субҳи шанбе Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таид кард, ки бар асари бурузи хатои инсонӣ ва ғайри амд, ҳавопаймои хутути ҳавоии Украина мавриди асобат қарор гирифтааст. Ин ситод итминони хотир дод бо пайгирии анҷомшудаи ислоҳоти асосӣ дар фарояндҳои амалиётӣ дар сатҳи нерӯҳои мусаллаҳ, имкони такрори ин гуна хатоҳоро ғайримумкин сохта ва билофосила муқассири онро ба Созмони қазоии нерӯҳои мусаллаҳ муаррифӣ кунад, то бо хатоҳои суратгирифта бархурди қонунӣ сурат гирад.