Январ 13, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Назарсанҷӣ дар Амрико: террори сардор Сулаймонӣ амниятро дар Амрико коҳиш додааст

Беш аз 50 дарсад аз амрикоиҳо муътақиданд, ки террори сардор Сулаймонӣ мунҷар ба коҳиши амният дар Амрико шудааст.

Ба нақл аз Спутник, бар асоси назарсанҷии ABC News, бештари амрикоиҳо мухолифи сиёсатҳои Доналд Трамп дар баробари Эрон ҳастанд ва муътақиданд, ки пас аз террори сардор Қосими Сулаймонӣ амнияти Амрико коҳиш пайдо кардааст.

Бар асоси ин назарсанҷӣ 56 дарсад аз ширкаткунандагон, иқдомоти Трамп дар робита бо вазъияти феълии Эронро таид намекунанд.

Ҳамчунин 52 дарсад аз ин ашхос бар ин боваранд, ки террори сардор Сулаймонӣ боис шудааст амният дар Амрико коҳиш ёбад, 25 дарсад низ назари мухолиф доранд, 22 дарсади дигар ҳам муътақиданд, ки террори як генерали эронӣ ҳеҷ таъсире бар амнияти Амрико надорад.

Дар хусуси эҳтимоли бурузи даргирии низомӣ байни Эрон ва Амрико, 32 дарсад бисёр нигарони ин мавзӯъ будаанд, 41 дарсад нигаронии каме доранд, 20 дарсад тақрибан нигарон набуда ва 7 дарсад аслан нигарони ин мавзӯъ нестанд.

Ин назарсанҷӣ аз 10 то 11 январ дар байни 525 амрикоӣ анҷом шудааст.

Дар идомаи танишҳо миёни Амрико ва Эрон, Амрико дар бомдоди севвуми январ сардор Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯҳои қудси Сипоҳи посдорони Эрон ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Созмони Ҳашад Аш-Шаъбии Ироқ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод ҳадаф қарор дод ва террор кард.

Эрон низ дар посух ба ин иқдоми Амрико бомдоди ҳаштуми январ дар амалиёте бо номи шаҳид Сулаймонӣ барои интиқомгирӣ аз террори фармондеҳи нерӯҳои қудси Сипоҳи Эрон, ду пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Ироқро ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор дод.