Январ 13, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • 18 кушта дар борандагиҳои шадид ва сел дар Покистон

Борандагиҳои шадид ва ҷорӣ шудани сел дар минтақаҳои мухталифи Покистон камаш 18 кушта барҷой гузоштааст.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, борандагиҳои шадид дар минтақаҳои мухталифи Покистон ба вижа дар иёлати Балучистон мушкилотеро ба вуҷуд овардааст ва то кунун даҳҳо тан масдум шудаанд.

Борандагии шадид дар минтақаҳое аз иёлати Синд ҷануби Покистон низ чаҳор кушта ва беш аз 10 захмӣ барҷо гузошт.

Барчасп