Олмон иддао кард: Бо хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ ДИИШ ба Ироқ бозмегардад
Вазири умури хориҷаи Олмон иддао кард, ки дар сурати хуруҷи нерӯҳои эътилофи мавсум ба зидди ДИИШ аз Ироқ, гуруҳи террористии ДИИШ ба ин кишвар боз мегардад.
Ба нақл аз Форс, Ҳейко Масс вазири умури хориҷаи Олмон рӯзи душанбе иддао кард, ки бо хуруҷи нерӯҳои эътилофи байналмиллалии зидди ДИИШ аз Ироқ, мумкин аст гуруҳи террористии ДИИШ ба ин кишвар бозгардад.
Ба навиштаи хабаргузории Анатолӣ, вай дар як конфронси матбуотӣ бо Айман Ал-Сафдӣ ҳамтои урдунии худ дар Уммон гуфт, хуруҷи нерӯҳо аз Ироқ роҳро барои терроризм боз мекунад ва ҳамлаҳои онҳо ба минтақа ва Аврупо осеб мерасонад.
Масс дар хусуси танишҳо миёни Амрико ва Эрон гуфт, агар Эрон хоҳони танишзудоӣ аст, бояд нооромиҳо дар минтақаи худро мутаваққиф кунад, ки ин амр дар мавриди Ироқ низ сидқ мекунад.