Январ 15, 2020 22:18 Asia/Dushanbe
  • Семинари “Масҷидҳои дӯстдори муҳити зист” дар Лондон

Семинари “Масҷидҳои дӯстдори муҳити зист” бо мавзӯи навовариҳои масоҷид дар коҳиши олудагиҳои зистмуҳитӣ дар Лондон баргузор мешавад.

Шӯрои мусулмонони Англия ин семинарро ҷумъаи 24 январ (4 баҳман) бо унвони “Масоҷиди зистмуҳитӣ: гузашта, ҳол ва оянда” дар маркази исломии “Аброр” дар Лондон баргузор мекунад.

Ба гузориши ИКНА, суханронон дар ин семинар ба суолоте посух медиҳанд, аз ҷумла масоҷиди Британия чӣ қадар барои коҳиши олудагии зистмуҳитӣ даст ба иқдомоти мубтакирона мезананд? Оё масҷиди ҷадиди Кембриҷ аз назари риояти усули ҳифозат аз муҳити зист илҳомбахши масоҷиди дигар мешавад? Ва як масҷиди дӯстдори муҳити зист чӣ гуна аст?

Дар ин семинар Шаҳида Раҳмон аз масҷиди Кембриҷ ва Комрон Шаҳзод аз муассисаи Баҳу Траст суханронӣ хоҳанд кард.

Масҷиди Кембриҷ ба унвони нахустин масҷиди ҳомии муҳити зисти Аврупо моҳи гузашта дар шаҳри Кембриҷ дар 80 километрии Лондон ифтитоҳ шуд. Меъмории ин масҷид бо истиқболи коршиносон рӯ ба рӯ шуд ва яке аз даҳ созаи бартари соли 2019 Англия лақаб гирифт.

Ин масҷид гунҷоиши ҳазор намозгузорро дорад ва дар сохти он аз маводи табиӣ монанди чӯб ва санги мармар истифода шудааст. Ҳамчунин истифода аз энержии хуршедӣ дар ин масҷид боис шуда, ки мизони тавлиди олояндаҳои ҳаво, аз ҷумла интишори карбон дар он ба сифр бирасад.