Бозсозии масҷид дар шаҳри Кабак Канада
Бозсозии масҷиди шаҳри Кабак дар Канада оғоз шуда ва қарор аст бо зоҳири замонавитар бозгушоӣ шавад.
Муҳаммад Лабидӣ , раиси пешини ҳайати уманои ин масҷид ,гуфт ; сохтмони масҷид дар бахши Сенти Фой шаҳри Кабак , дар ҳоли бозсозиҳои асосӣ аст ,ки ҳазинаи он 1,2 миллион доллар тахмин зада шудааст.
Ба нақл аз Ийко, вай афзуд ; баъд аз бозсозӣ, ин макони ибодат амнтар хоҳад шуд ва фазои бештаре барои теъдоди рӯ ба рӯшди намозгузорон эҷод мешавад.
Пешбинӣ мешавад ,ки навсозии масҷид то охирҳои моҳи Июн ба итмом мерасад.
Се сол пеш, дар ҳамлае фарди мусалаҳ ба ин масҷид, шаш нафар кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд.
Дар моҳҳои пас аз тирандозӣ, кодҳои дастрасии электроникӣ ба дарҳои вурудии масҷид изофа шуд, дар ҳоле ,ки пеш аз ин иттифоқ вурӯд ба ин сохтмон ҳамеша барои умум озод буд.