Олмон мезбони даври баъдии гуфтугӯҳои сулҳ байни гуруҳҳои Афғонистон
(last modified Tue, 21 Jan 2020 08:09:11 GMT )
Январ 21, 2020 13:09 Asia/Dushanbe
  • Олмон мезбони даври баъдии гуфтугӯҳои сулҳ байни гуруҳҳои Афғонистон

Олмон мезбони даври баъдии гуфтугӯҳои сулҳ байни гуруҳҳои афғонистонӣ аст.

Ба нақл аз ИРНО, намояндаи вижаи Олмон дар Афғонистон, омодагии ин кишварро барои баргузории даври баъдии гуфтугӯҳои сулҳ байни гуруҳҳои афғонистонӣ эълом кард.

Маркус Потзел намояндаи вижаи Олмон барои Афғонистон ва Покистон дар дидор бо Ҳамдуллоҳ Муҳиб мушовири амнияти миллии ин кишвар дар бораи сулҳу гуфтугӯҳои байни гуруҳҳои Афғонистон баҳсу табодули назар кардааст.

Потзел дар ин дидор гуфтааст, ки Олмон мехоҳад назариёт ва дидгоҳҳои давлат ва мардуми Афғонистонро дар мавриди сулҳ бишунавад, то нишасте афғонистонӣ, ки қарор аст дар Олмон баргузор шавад, мутафовит бошад.

Олмон илова бар нишасти Бонн дар соли 2001, ки мунҷар ба ташкили давлати нав ба раҳбарии Ҳомид Карзай шуд, як давр аз гуфтугӯҳои байни афғониро бо ҳамкории Қатар мудирият кардааст.

То кунун се нишасти байни афғонӣ дар бораи сулҳи Афғонистон дар кишварҳои Қатар ва Русия баргузор шудааст.