Навҷавони шветсияӣ сарони ҷаҳонро дар Давос ба чолиш кашид
(last modified Tue, 21 Jan 2020 16:15:21 GMT )
Январ 21, 2020 21:15 Asia/Dushanbe
  • Навҷавони шветсияӣ сарони ҷаҳонро дар Давос ба чолиш кашид

Фаъоли навҷавони шветсияӣ, ки аз ширкаткунандагон дар иҷлоси Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисод аст, бетафовутии сарони ҷаҳонро дар бораи буҳрони тағйироти иқлимӣ ва зистмуҳитӣ ба чолиш кашид.

Ба гузориши “Ассошэйтед пресс”, Грета Тунберг, навҷавони шветсияӣ рӯзи сешанбе дар нишасте бо ҳузури дигар фаъолони навҷавон хитоб ба сиёсатмадорони ҳозир дар нишасти Давос гуфт, фурсати чандоне то муқобилаи муассир бо буҳрони обуҳавоӣ боқӣ намондааст. Ин навҷавони 17-сола, ки бо изҳороташ дар ҳимоят аз муҳити зист хашми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро барангехтааст, афзуд, бо талоши ҷавонон тағйироти обуҳавоӣ ва муҳити зист аҳамият ёфта, аммо ҳанӯз ҳам бояд корҳои зиёде анҷом шавад, зеро интишори диоксиди карбон коҳиш наёфтааст. Фаъоли навҷавони шветсияӣ гуфт, ҳама бештар бояд ба он чӣ донишмандон дар бораи тағйироти обуҳавоӣ ва гармои замин мегӯянд, гӯш диҳанд.

Трамп пештар дар вокуниш ба интихоби Тунберг ба унвони шахсияти соли маҷаллаи “Тайм” гуфта буд: "Хеле масхара аст, зеро Грета бояд бо дӯсташ ба тамошои як филми қадимӣ биравад."

Панҷоҳумин гирдиҳамоии солонаи Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисод аз имрӯз, сешанбе, 21 январ то рӯзи ҷумъа, 24 январ дар шаҳри Давоси Швейтсария бо ҳузури сарону фаъолони сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст.