Январ 22, 2020 19:15 Asia/Dushanbe
  • Тақсими бастаҳои ғизоӣ ба ниёзмандон бо талоши хайрияи исломии Рочестери Англия

Хайрияи исломии Рочестери Англия байни ниёзмандон бастаҳои ғизоӣ тақсим мекунад.

Муассиси хайрияи “Ҳадафи зиндагӣ” гуфт, ҳадаф аз роҳандозии ин муассиса аз 5 соли пеш то кунун тавзеи ғизо байни ниёзмандон будааст.

Муассисаи хайрияи исломии шаҳри Рочестер дар минтақаи маскунии Ккунт дар Мачистир Англистон, ба бехонумонҳо ва ниёзмандон бастаҳои ғизои медиҳад.

Соҷ Ҳусайни 37 сола гуфт, ҳимоят аз ҷавомеи маҳаллӣ дар Британия барои ман бисёр муҳим аст. Ман фикр мекунам бархе аз хайрияҳои исломӣ, ки фақат фаъолиятҳояшонро дар хориҷ аз кишвар мутамаркиз сохтаанд, бояд қабл аз он ба ҳамшаҳриёни худашон кумак кунанд.

Вай гуфт, паёмбари Ислом (с) фармуданд, фарде мусулмон нест вақте, ки ҳамсояаш гурусна бошад ва ин ба маънои фақат ҳамсояи мусулмон нест ва ҳар кас бо ҳар эътиқоде мазҳаберо шомил мешавад.