Январ 22, 2020 19:35 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии сокинони Ҳюстон барои ошноӣ бо Ислом ва мусулмонон

Сокинони Ҳюстон дар иёлати Техаси Амрико барои ошноӣ бо Ислом ва мусулмонон гирдиҳам омаданд.

Дар гирдиҳамоие, ки ҳар сол бо унвони “Мулоқот бо ҳамсояи мусулмони худ” дар китобхонае дар минтақаи Ҳюстон баргузор мешавад, ҳудуди ҳазор ширкаткунанда барои ошноии бештар бо фарҳанг ва сунани исломӣ ширкат мекунанд.

Ҷомеаи исломии шаҳри Ҳюстон дар иёлати Техаси Амрико аз ҳамсоягон ва дигар ғайримусулмонон барои таомули мутақобил даъват мекунанд.

Ҳадаф аз ин гирдиҳамоӣ ошно кардани мардум бо Ислом ва фарҳанги мусулмонон аст.

Дар маросими мулоқот бо ҳамсояи мусулмони худ, ки дар 18 январ дар як китобхона дар минтақаи Ҳюстон баргузор шуд, 50 довталаб ин рӯйдодро баргузор карданд ва ғурфаҳои зиёди исломшиносиро барои ҳамшаҳриён ба намоиш гузоштанд.

Койл Мак Конки мегӯяд, ин нишастҳо на танҳо таркибе аз қавмиятҳои мухталифро муаррифӣ мекунанд, балки фурсате маҳсуб мешаванд, ки афроди мухталиф бо ҳамдигар дидор карда ва ашхоси мутафовит бо худашонро беҳтар бишносанд.

Вай дар ин бора ба хабарнигорон гуфт, мо бояд роҳҳои беҳтаре барои дӯстӣ бо ҳамсоягони худ ёд бигирем.

Ин рӯйдод дар чанд соли гузашта ҳар сол баргузор мешавад ва мизбони беш аз ҳазор боздидкунанда аст.