Январ 26, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Валиаҳди Англия: мехоҳам ба Эрон сафар кунам

Шоҳзода Чарлз ҷонишини маликаи Британия аз тамоюлаш барои сафар ба Эрон гуфт.

Ба нақл аз Спутник, шоҳзода Чарлз писари бузурги маликаи Англия ва ҷонишини ӯ аз алоқааш барои сафари расмӣ ба Эрон гуфт.

Шоҳзода Чарлз дар мусоҳибае бо рӯзномаи Санди-Таймз таъкид кард, ки возеҳ аст, ки дӯст дорам ба Эрон сафар кунам.

Ҷонишини маликаи Англия афзуд, ман медонам, ки Эрон аз қарнҳои пеш то ҳол бахши муҳиме аз ҷаҳон буда ва дар дониши башар, фарҳанг, шеър ва ҳунар нақши зиёде доштааст; мардуми воқеан қобили таваҷҷуҳе дорад ва ман ҳамеша ҷазби фарҳанги исломӣ, меъморӣ ва саноати дастии эрониён мешудам.

Барчасп