Ҳамсӯии давлати Олмон бо иқдомоти террористии давлати Амрико
(last modified Sun, 26 Jan 2020 15:18:05 GMT )
Январ 26, 2020 20:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳамсӯии давлати Олмон бо иқдомоти террористии давлати Амрико

Давлати Олмон ҳамсӯ бо рӯйкарди террористии давлати Амрико, маркази исломии Гамбургро, ки маросими бузургдошти фармондеҳи шаҳиди сипоҳи "Қудс"-ро баргузор карда буд, таътил кард.

Давлати Олмон маркази исломии Гамбургро пас аз баргузории маросими бузургдошти сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, таътил кард.

Ортон Топрак , фарде турктабор ва шаҳрванди Гамбурги Олмон, ба тамаи раъй овардан дар интихоботи Маҷлиси иёлатӣ, бобати баргузории ин маросим шикоят карда ва аз мароҷеи қазоӣ хоста буд, то фаъолияти ин марказро мамнӯъ кунанд.

Топрак собиқаи зиддият бо ислом, аз ҷумла бо ҳиҷоби исломиро низ дорад.

Ортон Топрак қасд дорад аз Ҳизби Демократи масеҳӣ дар интихоботи Маҷлиси иёлатии шаҳри Гамбурги Олмон дар моҳи феврали соли 2020 номзад шавад.