Январ 27, 2020 15:49 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи коҳиши хушунатҳои Толибон ва ду бархурди мутафовит дар Афғонистон

Тарҳи Амрико барои коҳиши хушунатҳои Толибон дар Афғонистон бо ду вокуниши мутафовит дар ин кишвар рӯбарӯ шудааст.

 Шуморе аз чеҳраҳои барҷастаи сиёсии Афғонистон дар нишасте дар Кобул бо мавзӯъи сулҳ дар ин кишвар ва эҷоди тарҳи муштарак барои чигунагии расидан ба ин масъалаи муҳим,аз тарҳи коҳиши хушунатҳо истиқбол карданд.

Дар ин нишаст, ки ба мизбонии  Муҳаммади Муҳаққиқ-муовини дуввуми раиси иҷроии Афғонистон баргузор шуд, Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси иҷроии давлат,Муҳаммадюнус Қонунӣ-муовини собиқи раисҷумҳур, Карим Халилӣ-раиси Шӯрои олии сулҳ,ки чанд моҳ пеш барҳам хурд ва шуморе аз дигар сиёсатмадорони афғонистонӣ дидгоҳҳои худро баён доштанд.

 Абдуллоҳ дар ин нишаст бо баёни инки ҳеҷ кас набояд ба далели "манфиъатҳои шахсӣ" монеъи раванди сулҳ шавад, хостори мушорикати фарогир дар ин раванди миллӣ шуд.

 Карим Халилӣ низ бо ишора ба мувофиқати Толибон барои "коҳиши хушунатҳо" гуфт: Ин ба маънии коҳиши ҷанг буда, яке аз роҳҳои усулие аст, ки дар ҳар музокирае барои дастёбӣ ба он талош мешавад.

 Нишасти шахсиятҳои сиёсии Афғонистон дар бораи раванди сулҳ ва бунбасти мавҷуд дар он дар шароите баргузор шуд, ки дархости Амрико аз Толибон барои коҳиши хушунатҳо дар он кишвар, раванди сулҳ ва гуфтугӯҳои марбут ба онро вориди марҳилаи тозае кардааст.

 Масъалаи коҳиши хушунатҳои Толибон дар Афғонистон бо ду вокуниши мутафовит рӯбарӯ шудааст, ки нишонае аз вуҷуди ду бардошти мухталиф аз чигунагии дастёбӣ ба сулҳ ва хотимаи ҷанг дар ин кишвар аст.

 Сухангӯи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар вокуниши манфӣ ба дархости Амрико аз Толибон барои коҳиши хушунатҳо таъкид карда, ки давлати Кобул танҳо барқарории оташбасро мепазирад.

 Ба гуфтаи Сиддиқ Сиддиқӣ коҳиши хушунатҳо мафҳуме надорад ва давлати Афғонистон ба дунболи оташбас ва поёни ҷанг дар ин кишвар аст.

 Дар муқобили рӯйкарди мухолифатомези давлати Афғонистон бо масъалаи коҳиши хушунатҳо, ки Амрико онро аз Толибон дархост кардааст,бахше аз ҷомеаи мадании ин кишвар аз ҷумла шуморе аз гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон аз ин тарҳ истиқбол карда ва онро гоми умедворкунанда барои дастёбӣ ба тавофуқ бо Толибон дар чорчуби марҳила ба марҳила ё тадриҷӣ арзёбӣ мекунанд.

 Дар нишасте, ки ба мизбонии муовини дуввуми раисҷумҳури Афғонистон ва бо мушорикати бархе аз шахсиятҳои сиёсии ин кишвар дар Кобул баргузор шуд,ширкаткунандагон бар ин нукта таъкид кардаанд, ки лузуман бояд аз коҳиши хушунатҳо тавассути Толибон истиқбол кард ва ба тадриҷ дар раванди гуфтугӯҳои байнулафғонӣ, ҳадафи калони барқарории оташбаси доимӣ ва фарогирро ба пеш бурд.

 Аз нигоҳи шахсиятҳои сиёсии ширкаткунанда дар ин нишаст посухи манфӣ ба тарҳи коҳиши хушунатҳо дар Афғонистон дар воқеъ навъе мухолифат бо сулҳ аст, ки ҳамагон бар тадриҷӣ будани ин раванди душвору печида ҳамфикр ҳастанд.

 Дар шароите давлати Афғонистон бо коҳиши хушунатҳо аз сӯи Толибон мухолифат кардааст ва хостори барқарории оташбаси доимӣ шуда, ки вазири хориҷаи Покистон аз омодагии ин гурӯҳ барои костан аз мизони хушунатҳо дар он кишвар хабар додааст, ки чунин рӯйкарде аз сӯи шуморе аз сарони гурӯҳҳои сиёсии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ ва истиқбол қарор гирифтааст.

 Саидинтизор Ходим-коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд,ки бо таваҷҷуҳ ба нуфузи давлати Покистон бар Толибон  ин кишвар метавонад ин гурӯҳро ба коҳиши сатҳи хушунатҳо дар Афғонистон мутақоид кунад ва ҳатто Толибонро ба вуруд ба музокироти байнулафғонӣ тарғиб кунад.

 Дар чунин шароите ба назар мерасад давлати Афғонистон бояд бо фарохбинии бештаре ба масъалаи сулҳ ва марҳилаҳои мухталифи он,ки моҳияти тадриҷӣ дорад, таваҷҷуҳ кунад.