Вокуниши Исломобод ба изҳороти ахири нахуствазири Ҳинд зидди Покистон
(last modified Thu, 30 Jan 2020 14:51:22 GMT )
Январ 30, 2020 19:51 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Исломобод ба изҳороти ахири нахуствазири Ҳинд зидди Покистон

Вазорати умури хориҷаи Покистон дар вокуниш ба изҳороти  нахуствазири Ҳинд зидди Исломобод гуфт, ҳеҷ кас набояд тавоноии артиши Покистонро барои муқобила бо иқдомоти таҳоҷумӣ, дастикам бигирад.

Вазорати умури хориҷаи Покистон рӯзи панҷшанбе бо судури баёнияе изҳороти ахири Нарендра Моди, нахуст вазири Ҳинд дар бораи нотавони нирӯҳои мусаллаҳи Покистонро муғризона хонд ва афзуд, Деҳлии Нав набояд сарнагунии ду ҷангандаи ин кишвар ба дасти артиши Покистон дар 27 феврали соли гузаштаро фаромӯш кунад.

Вазорати умури хориҷаи Покистон аз ҷомеаи байналмилал хост, барои таваққуфи баёноти ғайри масъулонаи мақомоти ҳиндӣ ва ҷилавгирӣ аз як таҳдиди билқувва барои сулҳ ва амнияти минтақаӣ, даст ба кор шавад.

Нарендра Моди ахиран гуфта буд, дар сурати бурузи ҳар гуна ҷанги ҷадид байни Ҳинд ва Покистон, Ҳинд қодир аст дар камтар аз даҳ рӯз Покистонро шикаст диҳад.