Афзуда шудани шаш кишвари дигар ба қонуни маҳдудияти муҳоҷиратии Амрико
Амрико шаш кишвари дигарро ба қонуни маҳдудияти муҳоҷиратӣ афзуд.
Дар идомаи сиёсатҳои зидди муҳоҷиратӣ ва бегонаҳаросии давлати Доналд Трамп , раиси ҷумҳури Амрико , номи кишварҳои Нигерия, Миёнмор , Қирғизистон, Судон ва Танзониёро ба листи қонуни манъи муҳоҷиратӣ афзуд.
Ба нақл аз Форс, масулони Вазорати амнияти дохилӣ ва Вазорати хориҷаи Амрико мегуянд маҳдудиятҳое барои судури бархе раводиди муҳоҷиратии хос барои ин шаш кишвар дар назар гирифта мешавад аммо мамнуияти комили мусофиратӣ эъмол намешавад.
Ин мақомот, нигарониҳои ҳавзаи амнияти миллиро далел қарор додани ин кишварҳо дар листи маҳдудиятҳои муҳоҷиратӣ унвон карда ва гуфтанд давлатҳои мазкур шароити амнияти гузарномаӣ ва иштирокгузории иттилоотро надоранд.
Ба навиштаи Ҳел , Трамп қарор аст то соати дигар ин тарҳро имзо ва ба қонун табдил кунад ва аз санаи 22 феврал низ иҷроӣ хоҳад шуд.
Се сол пеш буд,ки давлати Амрико баъд аз рӯикор омадани Трамп дар Кохи Сафед, вуруди атбоъи ҳафт кишвар шомили Эрон, Либӣ , Сурия, Сумолӣ, кареяи шимолӣ, ва Венесуела ва Яманро мамнуъ кард.
Бар ин асос, тарҳи нави маҳдудияти муҳоҷиратӣ ҳам эҳтимолан дар додгоҳҳои амрикоӣ ба чолиш кашида шаванд ва дипламатҳои собиқ аз ғунҷондашудани номи Нигерия дар ин тарҳ, алорағми осебрасидан ба манбаъҳои Иёлоти Муттаҳида , ибрози сардаргумӣ карданд.