Рабуда шудани низомии собиқи амрикоӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50639-Рабуда_шудани_низомии_собиқи_амрикоӣ_дар_Афғонистон
Як низомии собиқи амрикоӣ дар ҷунуб шарқи Афғонистон тавассути афроди ношинос рабуда шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 06, 2020 10:06 Asia/Dushanbe
  • Рабуда шудани низомии собиқи амрикоӣ дар Афғонистон

Як низомии собиқи амрикоӣ дар ҷунуб шарқи Афғонистон тавассути афроди ношинос рабуда шуд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , мақомоти амрикоӣ ,ки хостанд номашон фош нашавад гуфтанд ; ин табаъаи амрикоӣ Марк Фрреш аз Иёлоти Ийлийнвиз буд ,ки дар вилояти Хуст рабуда шуд. Фрриш 57 сола ғавоси собиқи нерӯи дарёии Амрико буд.

Ҳар чанд то кунун фард ё гурӯҳе масулияти ин табаъаи ҷосуси  амрикоиро бар уҳда нагирифта аст аммо мақомоти амрикоӣ ,Толибонро масули ин иқдом медонанд.

Чанде пеш Толибон дар муқобили озодии 3 нафар аз зиндониёнаш аз ҷумла Анас Ҳақонӣ бародари Сироҷиддин Ҳақонӣ саркардаи гурӯҳи терорристииҲақонӣ бо ду табаъаи амрикоӣ дар Кобул мувофиқат карда буд.