Феврал 06, 2020 14:01 Asia/Dushanbe
  • Сафари Помпео ба Аврупо , Африқо ва ғарби Осиё бо меҳварияти Эрон

Вазорати хориҷаи Амрико дар як баёния аз сафари ояндаи Помпео ба мақсади Олмон , Арабистони Саудӣ , Уммон ва чанд кишвари Африқоӣ бо мавзуи баррасии масоили Эрон хабар дод.

Ба нақл аз Форс, вазири хориҷаи Амрико 13 то 22 феврал  дар як сафари давраӣ ба тартиб ба Олмон , Сангол, Онгуло, Этуюпӣ, Арабистони Саудӣ ва Уммон меравад.

Майк Пампео қарор аст 14 феврал зимни сафар ба Олмон ,дар Канфронси амниятии Мюнхен ширкат мекунад. Ӯ зимни суханронӣ дар ин канфронс бо мақомҳои дигар кишварҳо дидор ва дар бораи авлавиятҳои амниятӣ гуфтугу мекунад.

Мақсади баъдии сафари Помпео ,Докор пойтахти Сангол аст ва Ӯ қарор аст 15 феврал бо мақомҳои ин кишвари Африқоӣ дар бораи таъмиқи мушорикати иқтисодӣ ва амниятӣ байни ду кишвар гуфтугу кунад.

Вазири хориҷаи Амрико баъд аз поёни сафар ба Сангол, байни 17 то 19 феврал аз  Агуло ва  Этиюпӣ дидан ва бо раҳбарони онҳо дар бораи робитаҳои дуҷониба гуфтугу мекунад.

Тибқи эъломи Вашингтон, қарор аст Помпео дар ин сафари давраӣ ба ду кишвари Арабистони Саудӣ ва Уммон дар минтақаи ғарби Осиё биравад.

Тибқи баёнияи  Вазорати хориҷаи Амрико , Пампео дар ҳади фосил 19 то 21 феврал дар  Риёз бо мақомҳои Саудӣ дидор мекунад ва сипас ба Масқат пойтахти Уммон меравад.

Ба гуфтаи ин Вазоратхона , Помпео дар Риёз бо роҳбарони Арабистони Саудӣ дар бораи масоили минтақа ва дуҷониба аз қабили Эрон, Яман ва Ҳуқуқи башар суҳбат ва табодули назар мекунад.

Вазири хориҷаи давлати Доналд Трамп дар охирин мақсади ин сафари давраӣ ба Масқат меравад ва бо Ҳисам бин Ториқ подшоҳи Уммон дидор мекунад.