Феврал 08, 2020 13:22 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймои дар Козимайни Ироқ дар ҳимоят аз Оятуллоҳ Систонӣ

Садҳо нафар аз сокинони Козимайн дар ҳимоят аз баёнияи рӯзи ҷумъаи марҷаъияти олӣ дар Ироқ дар бораи таъарӯз ба тазоҳуроткунандагон ва раванди ташкили давлати нав роҳпаймоӣ карданд.

Ба нақл аз Форс, Шайх Аҳмад Алсофӣ намояндаи Оятуллоҳ Сайидалии Систонӣ марҷаъияти олӣ дар Ироқ, дар хутбаи дуввуми намози ҷумъа дар шаҳри Карбало , баёнияи содира аз дафтари ишон дар бораи ду мавзуъи рӯхдодҳои ахир ба хусус дар шаҳри Наҷаф ва ташкили давлати навро қироат кард.

Дар бахши ибтидоии ин баёния омадааст ; алорағми хостаҳои мукарари марҷаъияти динӣ дар хусуси дурӣ аз хушунат ва лузуми эътирозҳои мусолиматомез ва лузуми поксозии Ҷунбиши мардумӣ аз иқдомҳое ба манофеъи мардум садама мезанад ; аммо ин мавзуъ монеъи вуқуъи ҳодисаҳои таасуфангез ва дардноки рӯзҳои гузашта ба хусус дар шаҳри Наҷафи ашраф дар шомгоҳи чоршанбе ,ки бо хунрезии ба ноҳақ ҳамроҳ буд нашуд.

Дар идомаи ин баёния таъкид шудааст ,ки нерӯҳои амниятии расмӣ масули мумониъат аз вуқуъи ошуб ва ҳифзи назари умумӣ ҳастанд ва ин нерӯҳо бояд дар ростои ҳифзи амният ва субот масулиятпазир бошанд.

Оятуллоҳ Систонӣ ҳамчунин аз нерӯҳои амниятӣ хост то аз майдонҳои эътирозот ва муътаризон ҳимоят карда ва мутаҷовизон ва ниқобпушонро дастгир кунанд.

Дар бахши дуввуми ин баёния ба мавзуъи ташкили давлат ишора шуда ва омадааст ; марҷаъияти динӣ дар хутбаи пешин, назари худро дар хусуси убур аз буҳрони сиёсии ҳоли ҳозир баён кард ва тавзеҳ дод ,ки давлати нав бояд эътимоди мардумро ҷалб карда ва битавонад зимни ором кардани авзоъ ва бозгардондани салобати ҳукумат, интихоботи зудҳангомро дар ҷои мутмаин ва ба дур аз таъсироти ҷонибии пул ва силоҳи ғайриқонунӣ ва ё мудохилаҳои хориҷӣ баргузор кунад.