Мухолифати 107 намояндаи конгираи Амрико бо Тарҳи муомилаи қарни Трамп
Иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар эъломи Тарҳи муомилаи қарн дар 28 январи 2020, ки барои ба истилоҳ ҳаллу фасли муноқишаи тӯлонии фаластиниҳо ва режими саҳюнистӣ ироа шуда, бо вокунишҳои шадиди дохилӣ ва хориҷӣ рубару шудааст.
Дар охирин мавзеъгирӣ алайҳи ин тарҳ, 107 узви демократи конгираи Амрико дар номае ба раиси ҷумҳури Амрико, ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд Тарҳи муомилаи қарнро носозгор бо сулҳ дониста ва мухолифати шадиди худро бо ин тарҳ эълом карданд. Тарҳе, ки ҳадафи иддаоии он пешбурди сулҳ миёни исроилиҳо ва фаластиниён аст. Намояндагони амрикоӣ бо баёни ин ки ҳам мафод ва ҳам замонбандии рӯнамоии ин тарҳ боиси нигаронии онҳо аст, Тарҳи муомилаи қарнро ғайриҷддӣ ва фоқиди ҳусни ният дониста ва таъкид карданд, ки ин тарҳ роҳи Исроилро барои ишғоли ҳамешагии Соҳили ғарбии рӯди Урдун ҳамвора мекунад.
Ин намояндагон ҳамчунин таъкид карданд, ки нақшаи тарроҳишуда аз сӯи Трамп барои кишвари Фаластин маҷмуае аз сарзаминҳои ғайримуттасил аст, ки дар муҳосираи шаҳракҳо ва зерсохтҳои режими саҳюнистӣ аст, ки ҳеҷ шабоҳате ба як кишвар надорад. Ин аъзои конгира ҳамчунин аз тиме, ки Трамп барои тадвини ин тарҳ ташкил дода буд интиқод карда ва онҳоро гуруҳе аз душманони кишвари Фаластин тавсиф карданд. Аъзои конгираи Амркио ҳамчунин аз ин ки аз ҳеҷ фаластинӣ ва ҳеҷ як аз раҳбарони Фаластин дар тадвини ин тарҳ машварат гирифта нашудааст, ибрози нигаронии шадид карданд. Онҳо аз рӯнамоии ин тарҳ дар остонаи севвумин интихоботи режими саҳюнистӣ дар як сол ва иттиҳомҳои матраҳшуда дар ин режим алайҳи Бенямин Нетанияҳу нахуствазири он низ интиқод карданд. Андӣ Левин, Дебӣ Дингел, Рашида Талиб ва Илҳон Умар аз намояндагони демократ ва Беренӣ Сандерз, Элизабет Варен, Крис Вен Ҳулен ва Крис Морфӣ аз сенаторҳои демократ мухолифати худро бо ин тарҳ эълом кардаанд.
Доналд Трамп аз замоне, ки рӯйи кор омадааст, гомҳои муҳимеро ба нафъи Исроил бардошта, ки ҳеҷ як аз раисони ҷумҳури собиқи Амрико ҷуръат ё азми бардоштани ин гомҳоро надоштанд. Аз ҷумла иқдомоти Трамп, шиносоии Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, шиносоии илҳоқи Ҷавлон ба Фаластини ишғолӣ, иқдомоти мутааддиди зиддифаластинӣ монанди қатъи кумаки модӣ ба Анерва, ихроҷи сафири Фаластин аз Вашингтон, хуруҷ аз ЮНЕСКО ва Шурои ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид ва дар ниҳоят чароғи сабз додан ба илҳоқи бахшҳое аз Соҳили ғарбии рӯди Урдун ба Фаластини ишғолӣ аст. Бо ин ҳол эълом ва ироаи Тарҳи муомилаи қарн нуқтаи атфе дар масири ҳимояти ҳамаҷонибаи давлати Трамп аз режими саҳюнистӣ ба ҳисоб меояд. Аз ҷумла далелҳо ва ҳадафҳои давлати Трамп аз ироаи ин тарҳ, ҳаллу фасли мунозиаи фаластиниҳо ва режими саҳюнистӣ дар ростои манофеи комили ин режим ва ироаи хидмате бесобиқа ба саҳюнистҳо, розӣ кардани фаластиниҳо ба пазириши як Давлати Зарраӣ (Micro State) дар бахши бисёр кучаке аз Фаластин яъне фақат дар 12 дарсад аз он дар баробари ваъдаи кумаки 50 миллиард долларӣ, иддаои касби дастоварди бисёр муҳимме дар арсаи сиёсати хориҷӣ дар соли интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ва ҷалби овозҳои яҳудиёни ин кишвар ва ризояти лобиҳои саҳюнистӣ ба вижа Айпек, эҷоди замина барои оддисозии равобит байни Исроил ва кишварҳои арабӣ ба вижа муттаҳидони Вашингтон монанди Иморот, Баҳрайн, Уммон ва Арабистони Саудӣ ва дар ниҳоят ворид овардани шикасте бузург ба заъми худ бар меҳвари муқовимат дар минтақаи ғарби Осиё бо иддаои аз миён рафтани фалсафаи вуҷудии он яъне масъалаи Фаластин аст.
Бо ин ҳол мухолифатҳои ҷиддӣ бо ин тарҳ аз ҷониби ҳамаи фаластиниҳо аъам аз Ташкилоти худгардон, гуруҳҳои ҷиҳодӣ ва мардуми Фаластин ва бисёре аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ ва низ дигар аъзои гуруҳи 4 ҷониба яъне Русия, Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид бо ин тарҳ сурат гирифтааст. Пол Лорудӣ узви Ҷунбиши ҳамбастагии ҷаҳонӣ алайҳи саҳюнизм, Тарҳи муомилаи қарнро таҳдиде хатарнок барои мавҷудияти фаластиниҳо донист ва гуфт, дар гоми баъдӣ, Амрико дигар сарзаминҳои исломиро ба нафъи режими ишғолгар мусодира хоҳад кард. Акнун эъломи мухолифати 107 нафар аз намояндагони демократи конгираи Амрико бо ин тарҳ зарбаи бузурги дигаре ба ин тарҳ ва руъёҳои Трамп барои сайтараи комили режими саҳюнистӣ бар сарзамини Фаластин ба ҳисоб меояд.